Ҳушдор ба тоҷикистониён аз барфрезии шадиду тармафароӣ ва сангрезӣ

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSСнегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок
Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи оянда барфрезии шадиду хатари тармафароӣ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар такя ба иттилои Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар додааст, ки то 22-юми январ ҳаво боронӣ боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии кишвар барфи шадид меборад.
Ба иттилои манбаъ, 21 – 22 январ дар баъзе ҷойҳо туман дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Варзоб - Айнӣ – Хуҷанд, Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод – Лахш, Душанбе-Сангвор, Ш. Шоҳин - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим - Мурғоб хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.
Ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки аз сабаби барфи зиёд ва боди сахт эҳтимоли канда шудани сими интиқоли барқ дар минтақаҳо вуҷуд дорад, дар кӯҳҳо ва роҳҳои кӯҳӣ ҳолатҳое назири барфтӯда, яхбандӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд, ки ин вазъ ҳаракати мошинҳоро ба ҳар самте душвор мекунад.
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
IRS роҳи Душанбе - Хуҷандро баст ва сабабашро гуфт
Ҳамчунин аз барфи зиёд ва боди сахт шикастани шоху танаи дарахтон, симчӯбҳои сустниҳоди рекломҳо имкон дорад, ки ин ҳама метавонад ба ҷони инсонҳо ва равуои мошинҳо хатар эҷод кунад.
КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дархост кардааст, ки дар ин гуна рӯзҳо аз равуои безарурат худдорӣ намоянд.
"Рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, ширкоргоҳ ва чоравочаронӣ низ бехатар нест. Хонаҳоро гарм нигоҳ доред, аз асбобҳои барқӣ дуруст истифода кунед ва нагузоред, ки онҳо сабаби сӯхтор шаванд",- таъкид кардааст ин ниҳод.
Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки бо омодагӣ ба роҳ бароянд ва ба хотири таъмини амнияти худу ҳамсафаронашон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаранд.
Лентаи хабарҳо
0