https://sputnik.tj/20220120/gulov-turkiya-noib-vazir-energetika-1044986374.html
Гулов дар Туркия бо ноиби вазири энергетика вохӯрд: чиро баррасӣ карданд
Гулов дар Туркия бо ноиби вазири энергетика вохӯрд: чиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳайатҳои тиҷоратии хешро ба Тоҷикистону Туркия сафарбар кунанд
2022-01-20T19:10+0500
2022-01-20T19:10+0500
2022-01-20T19:10+0500
дар тоҷикистон
туркия
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044985431_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_0984baa85ff70c9af0cb792b5694ec40.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо ноиби вазири энергетика ва захираҳои табии он кишвар вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дода афзуд, вохӯрии Гулов бо Алпарслан Байрактар рӯзи 20-уми январ сурат гирифт.Манбаъ меафзояд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҳамкориҳо ва иқдомҳои оянда ҷиҳати тақвияти онҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ, алалхусус дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ибрози назар намуданд.Иттилоъ дода шуд, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Ноиби вазири энергетика изҳор доштааст, ки бо назардошти он ки Тоҷикистон иқтидори тавлиди нерӯи барқ дар ҳаҷми 527 миллиард кВс дорад, сармоягузорон таваҷҷӯҳи зиёд ба кишварро доранд.Илова бар ин, ӯ зикр намуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаи обӣ ба ҳисоб меравад.ВУХ Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҷиҳати дастрас намудани маълумоти бештар оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон вохуриҳои маҷозӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳи дар фурсати наздик ташкил намуда, аз натиҷаи онҳо ҳайатҳои тиҷоратии хешро ба Тоҷикистону Туркия, сафарбар менамоянд.
https://sputnik.tj/20211217/sarmoyaguzorii-shirkati-turkiya-iqtisodi-tojikiston-1044220099.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044985431_9:0:1024:761_1920x0_80_0_0_e92234cd91f4c460792a3c3ed8b18b61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия тоҷикистон
Гулов дар Туркия бо ноиби вазири энергетика вохӯрд: чиро баррасӣ карданд
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳайатҳои тиҷоратии хешро ба Тоҷикистону Туркия сафарбар кунанд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо ноиби вазири энергетика ва захираҳои табии он кишвар вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон
хабар дода афзуд, вохӯрии Гулов бо Алпарслан Байрактар рӯзи 20-уми январ сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҳамкориҳо ва иқдомҳои оянда ҷиҳати тақвияти онҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ, алалхусус дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ибрози назар намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.
Ноиби вазири энергетика изҳор доштааст, ки бо назардошти он ки Тоҷикистон иқтидори тавлиди нерӯи барқ дар ҳаҷми 527 миллиард кВс дорад, сармоягузорон таваҷҷӯҳи зиёд ба кишварро доранд.
Илова бар ин, ӯ зикр намуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаи обӣ ба ҳисоб меравад.
ВУХ Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҷиҳати дастрас намудани маълумоти бештар оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон вохуриҳои маҷозӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳи дар фурсати наздик ташкил намуда, аз натиҷаи онҳо ҳайатҳои тиҷоратии хешро ба Тоҷикистону Туркия, сафарбар менамоянд.