https://sputnik.tj/20211217/sarmoyaguzorii-shirkati-turkiya-iqtisodi-tojikiston-1044220099.html
Сармоягузории ду ширкати бузурги Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон
Сармоягузории ду ширкати бузурги Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Lik Yapı” ва “Perform Mekanik”-и Туркия тасмим дорад ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд
2021-12-17T15:15+0500
2021-12-17T15:15+0500
2021-12-17T18:54+0500
дар тоҷикистон
туркия
саноат
сармоягузорӣ
ширкат
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/49/1028114926_0:145:1921:1225_1920x0_80_0_0_e0d8c4d4b01e1b09129ed077073e1f8b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ҳамоиши соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон, ки ахиран дар шаҳри Қуния баргузор шуд, ёддошти ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ширкатҳои “Lik Yapı" (маблағи сармоягузорӣ 2 миллион доллар аст), “Perform Mekanik (бо маблағи 25 миллион доллар) ба имзо расид, иттилоъ додааст Вазорати саноати Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин дар фарҷоми форум Ёддошти тафоҳуми миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Туркия ба имзо расидааст.Инчунин байни Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд ва Селчук Озтурк, раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Ёддошти тафоҳум имзо шуд.Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар давраи дуюми форуми мазкур миёни соҳибкорони ҳар ду кишвар гуфтушуниди дуҷониба дар формати B2B - "соҳибкор бо соҳибкор" баргузор гардид.Дар ин ҳимоиш “дар маҷмуъ даҳҳо ширкатҳои тоҷикӣ имкон доштанд, ба соҳибкорон ва сармоягузорони турк имкониятҳои худро муаррифӣ намоянд ва онҳоро ба бозори Тоҷикистон даъват намоянд”, - таъкид намудааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20211216/barrasii-hamkorihoi-iqtisodii-tojikistonu-turkiya-anqara-1044195740.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/49/1028114926_121:0:1784:1247_1920x0_80_0_0_4d2965cca1cbcea21e815ca64126ce16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, саноат, сармягузорӣ, форум, ширкат
тоҷикистон, туркия, саноат, сармягузорӣ, форум, ширкат
Сармоягузории ду ширкати бузурги Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон
15:15 17.12.2021 (Навсозишуда: 18:54 17.12.2021) Ширкатҳои “Lik Yapı” ва “Perform Mekanik”-и Туркия тасмим доранд, ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ҳамоиши соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон, ки ахиран дар шаҳри Қуния баргузор шуд, ёддошти ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ширкатҳои “Lik Yapı" (маблағи сармоягузорӣ 2 миллион доллар аст), “Perform Mekanik (бо маблағи 25 миллион доллар) ба имзо расид, иттилоъ додааст Вазорати саноати Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин дар фарҷоми форум Ёддошти тафоҳуми миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Туркия ба имзо расидааст.
Инчунин байни Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд ва Селчук Озтурк, раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Ёддошти тафоҳум имзо шуд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар давраи дуюми форуми мазкур миёни соҳибкорони ҳар ду кишвар гуфтушуниди дуҷониба дар формати B2B - "соҳибкор бо соҳибкор" баргузор гардид.
Дар ин ҳимоиш “дар маҷмуъ даҳҳо ширкатҳои тоҷикӣ имкон доштанд, ба соҳибкорон ва сармоягузорони турк имкониятҳои худро муаррифӣ намоянд ва онҳоро ба бозори Тоҷикистон даъват намоянд”, - таъкид намудааст манбаъ.