Фурудгоҳи Душанбе ба қабулу гусели ҳавопаймоҳо оғоз кард

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкСамолет во время посадки в сложных метеоусловиях, архивное фото
Самолет во время посадки в сложных метеоусловиях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе эълон кард, ки ба қабулу гусели ҳавопаймоҳо оғоз кардааст
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Фурудгоҳи Душанбе барои анҷом додани парвози ҳавопаймоҳо боз шуд, хабар дод Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи майдони ҳавоии пойтахти Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Ҳусейнова, парвозҳои ба таъхирафтода, аз ҷумла ба самти шаҳрҳои Истанбул, Дубай ва Минералние Води аллакай анҷом шуданд. Ҳавопаймоҳое, ки дар Хуҷанд фуруд омада буданд, ба Душанбе парвоз карданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки ба далели тумани ғафс дар пойтахт қабулу гусели ҳавопаймоҳо дар майдони ҳавоии Душанбе мутаваққиф гардидааст. Дар пайи номусоидии бодуҳаво парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои "Fly Dubai", "Turkish Airlines", "Somon Air", "UtAir" ба Дубай, Истанбул ва Маскав ба таъхир афтод.
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
IRS роҳи Душанбе - Хуҷандро баст ва сабабашро гуфт
Инчунин мусофирони ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ва ҳавопаймои "Nordwind Airlines" аз Нижний Новгород мунтазири дарёфти иҷозаи парвоз ба Тоҷикистон монда буданд.
Дар баробари ин фурудгоҳи Душанбе натавонистааст 3 парвоз аз Маскавро қабул кунад ва ин ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи Хуҷанд фиристода шуда буданд.
Ин ҳавопаймоҳои ширкатҳои русии "UtAir" ва "Уралские авиалинии" мебошанд, ки аз Внуково ва Жуковскийи Русия ба Тоҷикистон парвоз кардаанд. Ҳавопаймои сеюм аз ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии "Сомон Эйр", ки аз фурудгоҳи Домодедово ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекард, дар фурудгоҳи алтернативӣ фуруд омада буд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои охир дар бархе аз навоҳии Тоҷикистону барфрезии шадид ва тармафароӣ рух дода, бархе аз роҳҳои заминӣ, аз ҷумла Душанбе - Хуҷанд низ баста шуд.
Лентаи хабарҳо
0