https://sputnik.tj/20220119/tolibon-hukumat-sobiq-afghonistono-fasodza-1044944516.html
Толибон ҳукумати собиқи Афғонистонро фасодзадатарин дар ҷаҳон номиданд
Толибон ҳукумати собиқи Афғонистонро фасодзадатарин дар ҷаҳон номиданд
Sputnik Тоҷикистон
Толибон аз он гиламанданд, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ бо вуҷуди фасодзада будан, аз ҷониби ҷаҳон ҳимоят мешуд, вале ҳукумати онҳоро ҳеҷ кадом давлат намепазирад
2022-01-19T17:30+0500
2022-01-19T17:30+0500
2022-01-19T20:19+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044722594_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_39cfdb6bb813bf54c6f80eaa67e88a79.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳукумати собиқи Афғонистон фасодзадатарин дар ҷаҳон буд, гуфт Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси ҳукумати муваққати толибон дар як конфронси иқтисодӣ дар Кобул.Ин намояндаи толибон мегӯяд, ҳоло фасод дар Афғонистон решакан шудааст, вале бо сабабҳои номаълум ҷаҳон ҳукумати ҷадиди ин кишварро намепазирад.Ба гуфтаи вай, тайи 20 соли ахир иқтисоди ин кишвар “аз ҳисоби кумакҳои хориҷӣ дастгирӣ мешуд”, 75 дарсади хароҷоти ҳукумат "аз ҳисоби маблағгузории беруна пӯшонида шудааст". "Ин кумак бесамар буд ва боиси фасод шуд. Танҳо як қисми муайяни кумакҳои хориҷӣ фоидаовар буд, бештари маблағҳо бо баҳонаи амалӣ кардани тарҳҳои гуногун ба хориҷи кишвар гирифта шуданд. Кӯмакро сиёсӣ карданд", - тавзеҳ додааст раиси ҳукумати муваққати Афғонистон.Толибон пас аз он ки Амрико баҳори соли гузашта тасмими берун овардани низомиёни худ аз хоки Афғонистонро намуд, онҳо ба пиёда кардани амалиётҳои густурда ба хотири назорати куллӣ бар ин кишвар оғоз карданд.Рӯзи 15-уми августи соли 2021 толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон тарки ин кишвар кард.Аммо бо гузашти чанд моҳ аз эълони ҳукумати муваққати толибон дар Афғонистон ҳеҷ давлате онҳоро ба расмият нашинохтааст.
https://sputnik.tj/20211228/ghani-fosidtarin-fard-sol-1044453931.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044722594_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_3d158085ac3527aed6547f5af438302f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон афғонистон
Толибон ҳукумати собиқи Афғонистонро фасодзадатарин дар ҷаҳон номиданд
17:30 19.01.2022 (Навсозишуда: 20:19 19.01.2022) Толибон аз он гиламанданд, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ бо вуҷуди фасодзада будан аз ҷониби ҷаҳон ҳимоят мешуд, вале ҳукумати онҳоро ҳеҷ кадом давлате намепазирад
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳукумати собиқи Афғонистон фасодзадатарин дар ҷаҳон буд, гуфт Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси ҳукумати муваққати толибон дар як конфронси иқтисодӣ дар Кобул.
"Ҳукумати собиқи Афғонистон фасодзадатарин ҳукумати ҷаҳон ва Ашраф Ғанӣ дувумин шахси фасодзадатарин буд, вале ҷаҳон аз ӯ ва ҳукуматаш ҳимоят кард", - афзуд Охунд.
Ин намояндаи толибон мегӯяд, ҳоло фасод дар Афғонистон решакан шудааст, вале бо сабабҳои номаълум ҷаҳон ҳукумати ҷадиди ин кишварро намепазирад.
Ба гуфтаи вай, тайи 20 соли ахир иқтисоди ин кишвар “аз ҳисоби кумакҳои хориҷӣ дастгирӣ мешуд”, 75 дарсади хароҷоти ҳукумат "аз ҳисоби маблағгузории беруна пӯшонида шудааст".
"Ин кумак бесамар буд ва боиси фасод шуд. Танҳо як қисми муайяни кумакҳои хориҷӣ фоидаовар буд, бештари маблағҳо бо баҳонаи амалӣ кардани тарҳҳои гуногун ба хориҷи кишвар гирифта шуданд. Кӯмакро сиёсӣ карданд", - тавзеҳ додааст раиси ҳукумати муваққати Афғонистон.
Толибон пас аз он ки Амрико баҳори соли гузашта тасмими берун овардани низомиёни худ аз хоки Афғонистонро намуд, онҳо ба пиёда кардани амалиётҳои густурда ба хотири назорати куллӣ бар ин кишвар оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми августи соли 2021 толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон тарки ин кишвар кард.
Аммо бо гузашти чанд моҳ аз эълони ҳукумати муваққати толибон дар Афғонистон ҳеҷ давлате онҳоро ба расмият нашинохтааст.