Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СҶБ аз бурузи штаммҳои нави коронавирус ҳушдор дод

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкМюнхенская конференция по безопасности
Мюнхенская конференция по безопасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, пандемия ҳанӯз ба нуқтаи охират нарасидааст
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Тедрос Гебрейесус, роҳбари СҶБ гуфт, омикрон босуръат паҳн мешавад ва эҳтимол дорад, пас аз он штаммҳои нав пайдо шаванд. РБК аз қавли роҳбари СҶБ хабар медиҳад, ки пандемия ҳанӯз ба охир нарасидааст.

"Бо паҳншавии босуръати омикрон дар саросари ҷаҳон, эҳтимол дорад, навъҳои нав пайдо шаванд", - афзуд ӯ.

Раҳбари созмон афзуд, ҳарчанд ба ҳисоби миёна беморони гирифтори штамми омикрон онро осонтар таҳаммул мекунанд, набояд "хулосаи бардурӯғ баровард".
Ӯ гуфт, омикрон ба бистарӣ шудан ва ҳатто марг ҳам мунҷар мешавад.
Қаблан олимон низ ҳушдор дода буданд, ки штаммҳои нави коронавирус пас аз омикрон пайдо мешаванд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Нахустин фавт аз штамми омикрон сабт шуд: дар кадом давлат?
"Фикр кардан содалавҳӣ аст, ки эволютсияи вирус дар варианти омикрон қатъ мешавад. Агар дар раванди эволютсия штамме интихоб карда шавад, ки ба шароит бештар мутобиқ мешавад, пас омикрон нест мешавад ва штамми дигаре пайдо мешавад", - гуфт Владимир Чуланов, сармутахассиси озоди бемориҳои сироятии Вазорати беҳдошти Русия.
Коршиносони амрикоӣ инчунин ба эҳтимоли баланди пайдоиши вариантҳои нав ишора карданд. Эпидемиологи Донишгоҳи Бостон Леонардо Мартинес шарҳ дод: "Омикрон ҳар қадар зудтар паҳн шавад, ҳамон қадар имкон барои мутатсияҳо вуҷуд дорад, ки метавонад ба пайдоиши вариантҳои нав сабаб шавад".
Лентаи хабарҳо
0