https://sputnik.tj/20220117/favt-shtamm-omikron-sabt-shud-1044870138.html
Нахустин фавт аз штамми омикрон сабт шуд: дар кадом давлат?
Нахустин фавт аз штамми омикрон сабт шуд: дар кадом давлат?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Таиланд марги ду маризи штамми омикрон сабт шуд. Бояд гуфт ин нахустин ҳолати фавт аз навъи нави коронавирус аст
2022-01-17T16:44+0500
2022-01-17T16:44+0500
2022-01-17T19:10+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598922_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_dcb165d103e0e0f8890d63186f02f8fb.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ду ҳолати фавт аз штамми нави коронавирус - омикрон дар Таиланд сабт шуд, хабар медиҳад рӯзномаи "Bangkok Post" бо истинод ба изҳороти мақомоти маҳаллӣ.Аписмай Срирангсон, сухангӯи Маркази идоракунии COVID-19 рӯзи душанбе гуфт, ду зани солхӯрда аз ин беморӣ ҷон бохтанд.Аввалин қурбонии омикрон зани 86-сола аз вилояти Сонгхла буд. Вай ҳамзамон бемории музмин низ дошт.Ҳамзамон як зани дигари 84-сола аз музофоти Удонтхани рӯзи шанбе даргузашт. Ӯ мубталои саратони шуш буд ва алайҳи коронавирус ваксина нагирифта буд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ ба омикрон дар як шаҳрванди ИМА, ки рӯзи 30-юми ноябр аз Испания ба Таиланд омада буд, ошкор шудааст.Маврид ба зикр аст, ки штамми нави коронавирус аллакай ба кишварҳое чун Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ роҳ ёфтааст.Тоҷикистон ҳоло аз ин беморӣ дар амон аст, вале мутахассисон роҳ ёфтани вируси мазкур ба кишварро низ истисно намекунанд.
https://sputnik.tj/20220117/siroyat-koronavirus-uzbekiston-rekord-1044857412.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598922_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_b1346265be2a5ad80b467d32ccf8dcfb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус омикрон
Нахустин фавт аз штамми омикрон сабт шуд: дар кадом давлат?
16:44 17.01.2022 (Навсозишуда: 19:10 17.01.2022) Дар Таиланд марги ду маризи штамми омикрон сабт шуд. Бояд гуфт,, ин нахустин ҳолати фавт аз навъи нави коронавирус аст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ду ҳолати фавт аз штамми нави коронавирус - омикрон дар Таиланд сабт шуд, хабар медиҳад рӯзномаи "Bangkok Post" бо истинод ба изҳороти мақомоти маҳаллӣ.
Аписмай Срирангсон, сухангӯи Маркази идоракунии COVID-19 рӯзи душанбе гуфт, ду зани солхӯрда аз ин беморӣ ҷон бохтанд.
Аввалин қурбонии омикрон зани 86-сола аз вилояти Сонгхла буд. Вай ҳамзамон бемории музмин низ дошт.
Ҳамзамон як зани дигари 84-сола аз музофоти Удонтхани рӯзи шанбе даргузашт. Ӯ мубталои саратони шуш буд ва алайҳи коронавирус ваксина нагирифта буд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ ба омикрон дар як шаҳрванди ИМА, ки рӯзи 30-юми ноябр аз Испания ба Таиланд омада буд, ошкор шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки штамми нави коронавирус аллакай ба кишварҳое чун Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ роҳ ёфтааст.
Тоҷикистон ҳоло аз ин беморӣ дар амон аст, вале мутахассисон роҳ ёфтани вируси мазкур ба кишварро низ истисно намекунанд.