ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар ҷаҳон бори аввал дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд будани маъданҳои шаҳдараит ва ҳасановит исбот шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи www.mindat.org.
Гуфта мешавад, маъдани шаҳдараит дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ аз ҷониби олимони тоҷик Л. Паутов, М. Мираков, Е. Соколова, М. Дей С, Ф. Хоторн, М. Шодибеков, М. Саймудасири Маҳмадшариф, В. Карпенко ва А. Файзиев дар якҷоягӣ бо олимони Федератсияи Русия ва Канада кашф гардид.
Маъдани ҳасановит дар рустои Равати ноҳияи Айнӣ ошкор карда шуда, ҷиҳати пажӯҳиши ин маъдан олимони тоҷик – М. Мираков, Л. Паутов, О. Сийдра, П. Плечов ва дигарон машғули коранд.
Аз боздиди қонун то содироти дастгоҳи нафаскашии сунъӣ: олимони тоҷик чӣ ваъда доданд?
"Маъданҳои дастрасшуда метавонанд барои иқтисоди ҷумҳурии мо манфиати амалӣ дошта бошанд", - гуфт номбурда.
Шаҳдараит вобаста ба ҷойи пайдоиш ва ҳасановит бо исми яке аз профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳасан Сайфуллоев, ки дар соҳаи геология-петрография саҳми арзишманд дорад, номгузорӣ шудаанд.