https://sputnik.tj/20220119/maqomot-prokuratur-narasid-bahs-shirkati-musofirbar-bokhtar-1044931635.html
Зӯри мақомоту прокуратура ҳам нарасид: баҳси ду ширкати мусофирбар дар Бохтар
Зӯри мақомоту прокуратура ҳам нарасид: баҳси ду ширкати мусофирбар дар Бохтар
Sputnik Тоҷикистон
Баъд аз шикоятҳо раиси шаҳри Бохтар фаъолияти яке аз ширкатҳои мусофирбарро қатъ кард, аммо ба ин нигоҳ накарда ширкат фаъолияташро идома додааст
2022-01-19T12:05+0500
2022-01-19T12:05+0500
2022-01-19T13:24+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
баҳс
ширкат
мақомот
прокуратура
мусофирбар
бохтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102265/85/1022658540_0:43:2501:1449_1920x0_80_0_0_8cee634ff3a91a4001bec4b0a5a86684.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Бохтар фаъолияти ширкати “Мусофирбар”-ро қатъ кард, аммо роҳбари ин ширкат ба қарори раиси шаҳр мувофиқат накарда, фаъолияташро идома додааст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Садои мардум”.Бояд гуфт, дар масири беморхонаи Қарияи боло ва бозори “Фаровон — Қӯрғонтеппа” дар шаҳри Бохтар ду ҷамъият барои мусофирбарӣ баҳс доранд.Ба иттилои масъулини ниҳодҳои дахлдор, фаъолияти ширкати “Мусофирбар” ғайриқонунӣ аст. Аммо роҳбари ширкати номбурда Валӣ Маҳмадшоев бар он мувофиқ нест.Бино ба маълумоти мақомоти Бохтар, сокиноне, ки ба самти беморхона корафтода мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз набудани нақлиёти ҷамъиятӣ ва баланд будани арзиши роҳкирои таксиҳо изҳори нигаронӣ карданд.Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба ин мавзеъ омада, ба масъулон супориш додааст, ки ҳарчи зудтар дар ин масир, тибқи тендер, нақлиёти ҷамъиятӣ, аз қабили микроавтобусҳо, ташкил карда шавад.Роҳбарияти ширкати “Қӯрғонтеппатранс” нисбат ба ин қазия ба Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар мактуб ирсол карда, хоҳиш намудааст, ки ба ӯ кумак расонанд, то рақибашро аз ин масир дур кунанд.“Аммо на Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар ва на Прокуратураи шаҳри Бохтар натавонистанд чора биандешанд”, — гуфт манбаъДар ҳамин ҳол гуфта шудааст, ки аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар фаъолияти ширкати “Мусофирбар” манъ карда шудааст.Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақа якҷо бо кормандони Прокуратураи шаҳри Бохтар фаъолияти ширкати “Мусофирбар”-ро аз санҷиш гузаронида шуда, натиҷаи санҷиш барои бекор кардани фаъолияти он ба суд ирсол кардааст шуд.Дар ҳамин ҳол ширкати “Мусофирбар” фаъолияти ғайриқонуниашро рад кардааст ва таъкид доштааст, ки аз тарафи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати “Мусофирбар” роҳхат дода шудааст.Аммо мақомоти Бохтар ба ин даъвоҳо мувофиқ нестанд ва ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти мактубе ирсол кардаанд, то мушаххас кунанд, дар кадом асос ба ҷамъияте, ки фаъолияташ қатъ шудааст, роҳхат дода шудааст.Мақомоти Бохтар аз Вазорати нақлиёт дар ин масъала то ҳол ҷавобе нагирифтааст.Дар ҳамин ҳол роҳбари ширкат “Қӯрғонтеппатранс” гуфт, аз ғайриқонунӣ фаъолият кардани ширкати “Мусофирбар” ниҳодҳои дахлдор бохабаранд."Роҳбари ширкати "Мусофирбар” масъулини Вазорати нақлиёти ҷумҳуриро фиреб дода гуфтааст, ки иҷозати фаъолияти таксиҳои фармоишӣ дорад. Бо роҳи фиреб Валӣ Маҳмадшоев бо Хадамоти давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хидматрасонии логистикии ҷумҳурӣ шартнома баста, аз он ҷо ду ҳазор роҳхат гирифтааст”, - таъки кардааст номбурда.
https://sputnik.tj/20210714/muosfir-gunahgor-maqomot-savor-musofiron-1040878944.html
https://sputnik.tj/20211231/vaziri-naqliyot-tajdidu-sokhtmon-rohhoi-mahalli-tavajjuh-1044558017.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102265/85/1022658540_0:0:2223:1667_1920x0_80_0_0_d6326dcbbcef4f5d861f45d09bab78a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бохтар, баҳ, ширкат, мусофирбар, фаъолият, прокуратура
тоҷикистон, бохтар, баҳ, ширкат, мусофирбар, фаъолият, прокуратура
Зӯри мақомоту прокуратура ҳам нарасид: баҳси ду ширкати мусофирбар дар Бохтар
12:05 19.01.2022 (Навсозишуда: 13:24 19.01.2022) Баъд аз шикоятҳо раиси шаҳри Бохтар фаъолияти яке аз ширкатҳои мусофирбарро қатъ кард, аммо новобаста аз ин ширкат корашро идома додааст
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Бохтар фаъолияти ширкати “Мусофирбар”-ро қатъ кард, аммо роҳбари ин ширкат ба қарори раиси шаҳр мувофиқат накарда, фаъолияташро идома додааст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Садои мардум”.
Бояд гуфт, дар масири беморхонаи Қарияи боло ва бозори “Фаровон — Қӯрғонтеппа” дар шаҳри Бохтар ду ҷамъият барои мусофирбарӣ баҳс доранд.
Ба иттилои масъулини ниҳодҳои дахлдор, фаъолияти ширкати “Мусофирбар” ғайриқонунӣ аст. Аммо роҳбари ширкати номбурда Валӣ Маҳмадшоев бар он мувофиқ нест.
Бино ба маълумоти мақомоти Бохтар, сокиноне, ки ба самти беморхона корафтода мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз набудани нақлиёти ҷамъиятӣ ва баланд будани арзиши роҳкирои таксиҳо изҳори нигаронӣ карданд.
Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба ин мавзеъ омада, ба масъулон супориш додааст, ки ҳарчи зудтар дар ин масир, тибқи тендер, нақлиёти ҷамъиятӣ, аз қабили микроавтобусҳо, ташкил карда шавад.
“Тендер эълон карда шуд ва дар он “Қӯрғонтеппатранс” ғолиб омад. Баъди дар тендер ғолиб омадани роҳбари ширкати “Қӯрғонтеппатранс” дар ин масир рафтуомади микроавтобусҳо ба роҳ монда шуд. Мутаассифона, роҳбари ширкати “Мусофирбар” Валӣ Маҳмадшоев, ки 23 мошини сабукрав дорад, пайваста ба фаъолияти “Қӯрғонтеппатранс” монеа эҷод мекунад”,- менависад манбаъ.
Роҳбарияти ширкати “Қӯрғонтеппатранс” нисбат ба ин қазия ба Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар мактуб ирсол карда, хоҳиш намудааст, ки ба ӯ кумак расонанд, то рақибашро аз ин масир дур кунанд.
“Аммо на Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар ва на Прокуратураи шаҳри Бохтар натавонистанд чора биандешанд”, — гуфт манбаъ
Дар ҳамин ҳол гуфта шудааст, ки аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар фаъолияти ширкати “Мусофирбар” манъ карда шудааст.
Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақа якҷо бо кормандони Прокуратураи шаҳри Бохтар фаъолияти ширкати “Мусофирбар”-ро аз санҷиш гузаронида шуда, натиҷаи санҷиш барои бекор кардани фаъолияти он ба суд ирсол кардааст шуд.
“Аммо суд чӣ қарор баровардааст, масъулин хабар надорад”, — навиштааст рӯзнома.
Дар ҳамин ҳол ширкати “Мусофирбар” фаъолияти ғайриқонуниашро рад кардааст ва таъкид доштааст, ки аз тарафи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати “Мусофирбар” роҳхат дода шудааст.
Аммо мақомоти Бохтар ба ин даъвоҳо мувофиқ нестанд ва ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти мактубе ирсол кардаанд, то мушаххас кунанд, дар кадом асос ба ҷамъияте, ки фаъолияташ қатъ шудааст, роҳхат дода шудааст.
Мақомоти Бохтар аз Вазорати нақлиёт дар ин масъала то ҳол ҷавобе нагирифтааст.
Дар ҳамин ҳол роҳбари ширкат “Қӯрғонтеппатранс” гуфт, аз ғайриқонунӣ фаъолият кардани ширкати “Мусофирбар” ниҳодҳои дахлдор бохабаранд.
"Роҳбари ширкати "Мусофирбар” масъулини Вазорати нақлиёти ҷумҳуриро фиреб дода гуфтааст, ки иҷозати фаъолияти таксиҳои фармоишӣ дорад. Бо роҳи фиреб Валӣ Маҳмадшоев бо Хадамоти давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хидматрасонии логистикии ҷумҳурӣ шартнома баста, аз он ҷо ду ҳазор роҳхат гирифтааст”, - таъки кардааст номбурда.