Вазири нақлиёт: Ба таҷдиду сохтмони роҳҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳем

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр транспорта РТ Азим Иброхим
Министр транспорта РТ Азим Иброхим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Обуна шудан
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш ба Соли нави милодӣ қайд кардааст, ки соли сипаригашта, яъне дар ҷашни сисолагии соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар соҳаҳо заҳматкашони маҷмааи нақлиёту роҳ низ ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта зиёд гардидани ҳаҷми боркашониву мусофирбарӣ, содироти маҳсулоти ватанӣ тавасути роҳи оҳан, таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгард аз ҷумлаи ин дастовардҳоянд.
Ҳамчунин вай илова кардааст, ки лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм–Нуробод, Ҳулбук–Темурмалик–Кангурт, Данғара–Левакант–Бохтар, қитъаҳои Қалъаихум–Ванҷи шоҳроҳи Душанбе–Кулма, Қизилқалъа–Бохтари шоҳроҳи Душанбе–Бохтар, Бекобод–Бобоҷон Ғафуров–Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шурўъ шуданд.
Инчунин вай афзуд соли сипаригардида барои амалӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ, Консепсияи ҳукумати электронӣ Вазорати нақлиёт ба рақамикунонии соҳа гузашта, корҳои муҳим ба анҷом расонда шуда, модулҳои рақамикунонии соҳа таҳия гардиданд.
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Завқизода: Нақшаи зиддибуҳронӣ таъсири омилҳои коронавирус ба иқтисоди миллиро кам кард
Азим Иброҳим қайд кардааст, ки раисҷумҳур дар паёми имсола ба Маҷлиси Олӣнақлиётчиёну роҳсозони кишварро вазифадор кард, ки дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда шаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.
“Барои расидан ба ин ҳадаф бояд дастаҷамъона ва бо истифода аз тамоми имконот талош варзем”, - илова кардааст вазири нақлиёт.
Азим Иброҳим пешниҳод кардааст, ки соли нави мелодӣ, яъне соли 2022 –ро дар соҳа “Соли беҳтарин роҳҳои маҳаллӣ” эълон карда, ба таҷдиду сохтмони роҳҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳем.
Лентаи хабарҳо
0