Чаро Эрдуғон аз Путин метарсад?

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкВладимир Путин и Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото.
Владимир Путин и Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия медонад, чӣ гуна Туркияро водор кунад, ки “ба оҳанги Ғарб рақс накунад”
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Раҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин метарсад. Дар ин бора "Al Araby" иттилоъ додааст.
Нашрия қайд мекунад, ки Туркия низои миёни Русия ва Ғарбро пайгирӣ дорад, аммо ҷуръат намекунад, ки дар ин замина мавқеи собит ишғол кунад.
Анкара як узви НАТО аст, ки пас аз ИМА дувумин артиши калон дар ин паймонро дорад. Илова бар ин Туркия бо Украина равобити наздик дорад.
Дар баробари ин ин кишвар бо Маскав муносибатҳои хуберо рушд додааст.
Манфиатҳои Русия ва Туркия дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ яксонанд, қайд мекунад "Al Araby". Назари Анкара ва Ғарб дар бисёре аз масоили ҷаҳонӣ ҳамсон аст.
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Шарҳи Кремл дар бораи даъвати Путину Зеленский ба Туркия
Яке аз онҳо барқарорсозии равобит бо Маскав пас аз ҳодиса бо ҳавопаймои ҷангии Русия дар соли 2015 аст. Дар ҳамин ҳол нуқтаи муштараки тамоси Туркия ва кишварҳои ғарбӣ дар мавзеъгирии Анкара нисбат ба Украина зоҳир мешавад.
Аммо ин кишвар ба таҳримҳои иттифоқчиёнаш алайҳи Русия ҳамроҳ намешавад. Эрдуғон медонад, Маскав метавонад кишварашро маҷбур созад, ки аз даргириҳо бо Ғарб канорагирӣ кунад.
"Ба ҷуз фишори низомӣ ба ҳузури Туркия дар шимоли Сурия он метавонад нуфузи Туркияро дар Осиёи Марказӣ заиф кунад ва монеи боз кардани як долони нақлиётӣ бо Озарбойҷон тавассути Арманистон шавад", - гуфт "Ал-арабӣ".
Кумаки ахири Русия ба Қазоқистон нишон дод, ки Маскав омодааст, дар сурати зарурат нақши Анкараро дар ҷумҳуриҳои туркзабони Иттиҳоди Шӯравӣ рад кунад.

"Чизи дигаре ҳаст, ки Путин метавонад ба Эрдуғон пешниҳод кунад, то ӯро ба мавқеи бетараф тела диҳад", - менависад муаллифи матлаб.

Ин интиқоли эҳтимолии гази Русия аз тариқи лӯлаҳое мебошад, ки аз қаламрави Туркия мегузаранд. Чунин тадбирҳо нақши Анкараро ҳамчун як кишвари транзитии захираҳои энергетикӣ ба кишварҳои ғарбӣ тақвият хоҳанд дод.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом    - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Эрдуғон Путин ва Зеленскийро ба Туркия даъват кард: Чаро?
Агар Русия ва Ғарб низоъро ҳал накунанд, Туркия маҷбур мешавад, ки сиёсати мувозинатро қатъ кунад, зеро бетарафӣ метавонад ба бунбасти кишвар оварда расонад, хулоса мекунад "Al Araby".
Лентаи хабарҳо
0