https://sputnik.tj/20220119/sharh-kreml-putin-zelenskiy-turkiya-1044943399.html
Шарҳи Кремл дар бораи даъвати Путину Зеленский ба Туркия
Шарҳи Кремл дар бораи даъвати Путину Зеленский ба Туркия
Sputnik Тоҷикистон
Кремл омили аслии нофаҳмиҳо миёни Маскаву Киевро ном бурда, мавқеашро дар бораи пешниҳоди Туркия барои ирои майдони музокирот баён дошт
2022-01-19T17:00+0500
2022-01-19T17:00+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар ҷаҳон
донбасс
сиёсат
туркия
дмитрий песков
путин
кремл
музокирот
владимир зеленский
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472256_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ce4372ba5e37e623baa562f5b6869f1d.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Русия аз талоши ҳар кишваре барои ба эътидол овардани вазъи Украина истиқбол мекунад. Ин нуктаро Дмитрий Песокв, сухангӯи раисҷумҳури Русия зимни шарҳи пешниҳоди Туркия барои миёнҷигарӣ дар музокирот миёни Киеву Маскав баён дошт. Песков зикр намуд, ки нофаҳмиҳои асосӣ миёни Русия ва Украина ба иҷро нашудани тавофуқоти Минск аз ҷониби Киев бастагӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Иброҳим Калин, намояндаи расмии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз даъвати Владимир Путин ва Владимир Зеленский, роҳбарони Русия ва Украина ба Туркия хабар дод. "Президент Эрдуғон ҳар ду роҳбарро ба Туркия барои мулоқот ва ҳалли мушкилоту нофаҳмиҳои миёнашон даъват намуд. Туркия ба ҳар коре дар ҳадди тавонаш омодааст, то ташаннуҷ дар равобити миёни Русия ва Украинаро коҳиш диҳад", - изҳор доштааст Калин.Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220119/onho-dami-tegh-donbass-1044941013.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472256_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_48e73f1942f71d0785aa727f546b2069.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, кремл, даъват, путин, зеленский, туркия, украина
шарҳ, кремл, даъват, путин, зеленский, туркия, украина
Шарҳи Кремл дар бораи даъвати Путину Зеленский ба Туркия
17:00 19.01.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Кремл омили аслии нофаҳмиҳо миёни Маскаву Киевро ном бурда, мавқеашро дар бораи пешниҳоди Туркия барои ироаи майдони музокирот баён дошт
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Русия аз талоши ҳар кишваре барои ба эътидол овардани вазъи Украина истиқбол мекунад. Ин нуктаро Дмитрий Песокв, сухангӯи раисҷумҳури Русия зимни шарҳи пешниҳоди Туркия барои миёнҷигарӣ дар музокирот миёни Киеву Маскав баён дошт.
Песков зикр намуд, ки нофаҳмиҳои асосӣ миёни Русия ва Украина ба иҷро нашудани тавофуқоти Минск аз ҷониби Киев бастагӣ доранд.
"Агар шарикони туркиёии мо тавонанд ба мақомоти Украина таъсире расонанду онҳоро сӯйи иҷрои созишҳои қаблан ҳосилшуда такон диҳанд, инро танҳо метавон истиқбол кард", - гуфт Песков.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Иброҳим Калин, намояндаи расмии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз даъвати Владимир Путин ва Владимир Зеленский, роҳбарони Русия ва Украина ба Туркия хабар дод.
"Президент Эрдуғон ҳар ду роҳбарро ба Туркия барои мулоқот ва ҳалли мушкилоту нофаҳмиҳои миёнашон даъват намуд. Туркия ба ҳар коре дар ҳадди тавонаш омодааст, то ташаннуҷ дар равобити миёни Русия ва Украинаро коҳиш диҳад", - изҳор доштааст Калин.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.