https://sputnik.tj/20220118/safar-rahmon-hinduston-laghv-1044906994.html
Сафари Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд: сабаб
Сафари Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Дар барбари сафари Раҳмон, ҳамзамон сафари ҳамтоёни қирғизу ӯзбек ва туркману қазоқаш ҳам лағв гардид
2022-01-18T17:02+0500
2022-01-18T17:02+0500
2022-01-18T19:58+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
ҳиндустон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044673995_0:0:3171:1784_1920x0_80_0_0_d7c284d325471790c815a85f758479cd.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ANI.Иллати лағви сафари роҳбари давлат ба Ҳиндустон авҷи марзии коронавирус дар ин кишвар гуфта мешавад.Эмомалӣ Раҳмон мебоист дар ҷашни Рӯзи ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок мекард. То ҳол дафтари матбуотии президент дар бораи сафари роҳбари давлат ва ҳамакнун лағв шудани он чизе нанавиштааст.Манбаъ меафзояд, ба Рӯзи ҷумҳурӣ, ки 26 январ баргузор мешавад, кишвардорони Осиёи Марказӣ даъват шуда буданд, вале ба далели авҷи бемории коронавирус сафари ҳамаи онҳо ба Ҳинд лағв шуд.Ёдовар мешавем, дар авоили моҳи декабри соли гузашта рӯзномаи "The Times of India" навишта буд, ки Ҳинд масъалаи даъвати раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказиро ба ҷашни Рӯзи ҷумҳурӣ баррасӣ мекунад. Қарор буд, ки меҳмонони аслии паради анъанавӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ дар Деҳлӣ раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бошанд. Ҳинд таҷрибаи даъвати як гурӯҳи раҳбарони хориҷиро ба Рӯзи ҷумҳуриро дошт. Дар соли 2018 раҳбарони 10 кишвари узви Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубию Шарқӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар он реҷа ширкат карда буданд.
https://sputnik.tj/20211217/hinduston-tojikiston-vada-kumak-1044212910.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044673995_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d0dca37fe5428a8c205feab49ebaa6ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳиндустон сафар эмомалӣ раҳмон лағв
ҳиндустон сафар эмомалӣ раҳмон лағв
Сафари Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд: сабаб
17:02 18.01.2022 (Навсозишуда: 19:58 18.01.2022) Дар барбари лағви сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон ҳамтоёни қирғизу ӯзбек ва туркману қазоқи ӯ ҳам ба Ҳиндустон нахоҳанд рафт
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ANI.
Иллати лағви сафари роҳбари давлат ба Ҳиндустон авҷи марзии коронавирус дар ин кишвар гуфта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон мебоист дар ҷашни Рӯзи ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок мекард. То ҳол дафтари матбуотии президент дар бораи сафари роҳбари давлат ва ҳамакнун лағв шудани он чизе нанавиштааст.
Манбаъ меафзояд, ба Рӯзи ҷумҳурӣ, ки 26 январ баргузор мешавад, кишвардорони Осиёи Марказӣ даъват шуда буданд, вале ба далели авҷи бемории коронавирус сафари ҳамаи онҳо ба Ҳинд лағв шуд.
"Ҳукумат ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъватнома ирсол кард, аммо ҳоло нақша тағйир ёфт", - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, дар авоили моҳи декабри соли гузашта рӯзномаи "The Times of India" навишта буд, ки Ҳинд масъалаи даъвати раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказиро ба ҷашни Рӯзи ҷумҳурӣ баррасӣ мекунад. Қарор буд, ки меҳмонони аслии паради анъанавӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ дар Деҳлӣ раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бошанд.
Ҳинд таҷрибаи даъвати як гурӯҳи раҳбарони хориҷиро ба Рӯзи ҷумҳуриро дошт. Дар соли 2018 раҳбарони 10 кишвари узви Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубию Шарқӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар он реҷа ширкат карда буданд.