https://sputnik.tj/20211217/hinduston-tojikiston-vada-kumak-1044212910.html
Ҳиндустон ба Тоҷикистон ваъдаи кумаки бебозгашт дод
Ҳиндустон ба Тоҷикистон ваъдаи кумаки бебозгашт дод
Sputnik Тоҷикистон
Созишномаи ду кишвар ҷудо кардани кумак аз ҷониби Ҳиндро ба маблағи 1,5 миллион доллар пешбинӣ мекунад
2021-12-17T10:50+0500
2021-12-17T10:50+0500
2021-12-17T14:01+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
иқтисод
ҳамкорӣ
ҳиндустон
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103134/95/1031349533_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_6f14eae9ad3ba74b5a69942c7bc67ae1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳиндустон ва Тоҷикистон як ёддошти тафоҳум барои иҷрои тарҳҳои рушди иҷтимоъиро имзо карданд. Созишнома ироаи кумакҳои бебозгашт аз ҷониби мақомоти Ҳинд ба Тоҷикистон ва иҷрои тарҳҳои муассири рушди ҷомеаро пешбинӣ мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуотии сафорати ин кишвар дар Душанбе, ин санадро сафири фавқулодда ва мухтори Ҳинд дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ ва вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода имзо кардаанд. Бар асоси ин созишнома, Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳҳоеро барои иҷроиш пешниҳод мекунад, ки қимати онҳо аз 16,94 миллион сомонӣ (ҳудуди 1,5 миллион доллар) зиёд нест.Лоиҳаҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, тавонмандсозии ҳуқуқи занон ва ҳифзи кӯдакон ихтисос доранд. Бавижа маблағи ҷудошуда барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар соҳоти маориф, тандурустӣ, омӯзиш, кишоварзӣ ва агросаноат, ирригасияи хурд, энергияи барқароршаванда, энергетика, савдо, нақлиёт ва коммуникатсия тахсис мешавад.Дар ин дидор ҷонибҳо ҳамчунин тарҳи дигари Ҳинд дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ёдовар мешавем, Ҳиндустон аз деҳаи Чортут то гардиши Айнӣ дар Душанбе шоҳроҳи ҳаштхаттӣ месозад, ки арзиши тахминии лоиҳа 17,54 миллион доллари маблағҳои грантиро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 35 дарсади корҳо ба поён расида, 65 фоизи боқимонда бояд то моҳи октябри соли 2022 анҷом дода шаванд.
https://sputnik.tj/20210330/Emomali-Rahmon-Hinduston-intiqol-hazor-voya-vaksina-qanoatmand-1033103035.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103134/95/1031349533_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_f59383e3db0a144543c8173183115ada.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳиндустон тоҷикистон ваъда кумак
ҳиндустон тоҷикистон ваъда кумак
Ҳиндустон ба Тоҷикистон ваъдаи кумаки бебозгашт дод
10:50 17.12.2021 (Навсозишуда: 14:01 17.12.2021) Созишномаи ду кишвар ҷудо кардани кумаки 1,5-миллиондолларӣ аз ҷониби Ҳиндро пешбинӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳиндустон ва Тоҷикистон як ёддошти тафоҳум барои иҷрои тарҳҳои рушди иҷтимоъиро имзо карданд.
Созишнома ироаи кумакҳои бебозгашт аз ҷониби мақомоти Ҳинд ба Тоҷикистон ва иҷрои тарҳҳои муассири рушди ҷомеаро пешбинӣ мекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии сафорати ин кишвар дар Душанбе, ин санадро сафири фавқулодда ва мухтори Ҳинд дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ ва вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода имзо кардаанд.
Бар асоси ин созишнома, Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳҳоеро барои иҷроиш пешниҳод мекунад, ки қимати онҳо аз 16,94 миллион сомонӣ (ҳудуди 1,5 миллион доллар) зиёд нест.
Лоиҳаҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, тавонмандсозии ҳуқуқи занон ва ҳифзи кӯдакон ихтисос доранд.
Бавижа маблағи ҷудошуда барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар соҳоти маориф, тандурустӣ, омӯзиш, кишоварзӣ ва агросаноат, ирригасияи хурд, энергияи барқароршаванда, энергетика, савдо, нақлиёт ва коммуникатсия тахсис мешавад.
Дар ин дидор ҷонибҳо ҳамчунин тарҳи дигари Ҳинд дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, Ҳиндустон аз деҳаи Чортут то гардиши Айнӣ дар Душанбе шоҳроҳи ҳаштхаттӣ месозад, ки арзиши тахминии лоиҳа 17,54 миллион доллари маблағҳои грантиро ташкил медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 35 дарсади корҳо ба поён расида, 65 фоизи боқимонда бояд то моҳи октябри соли 2022 анҷом дода шаванд.