https://sputnik.tj/20220118/darguzasht-manzura-akhmedova-tabibi-1044885942.html
Даргузашти Манзура Ахмедова, табиби асабшиноси кӯдакон: 54-сола буд
Даргузашти Манзура Ахмедова, табиби асабшиноси кӯдакон: 54-сола буд
Sputnik Тоҷикистон
Давоми чанд сол табиб ҳангоми идомаи кор дар беморхона бо саратон мубориза мебурд 18.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-18T12:10+0500
2022-01-18T12:10+0500
2022-01-18T18:01+0500
дар тоҷикистон
суғд
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Манзура Ахмедова, табиби асабшиноси шифохонаи клиникии бачагонаи Суғд дар синни 54-солагӣ аз олам даргузашт.Хабари даргузашти ин табиби маъруфи Хуҷандро ҳамкоронаш таъйид намуданд. Нуриддин Ашӯров, яке аз табибони шифохонаи клиникии кӯдакони Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ахмедова 17 январ ҷон ба Ҷонофарин супурд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ахмедова ҳудуди ҳашт соли пеш гирифтори бемории саратони сина (рак молочной железы) шуда ва тӯли ин солҳо пайваста табобати кимёдармонӣ мегирифт. Манзура Ахмедова, ҳамсари Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги Суғд буд ва онҳо яке аз оилаҳои намунавии Хуҷанд маҳсуб мешаванд. Ахмедова Манзура Амонуллоевна 26 июли соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ соли 1991 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури кӯдакон хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси духтур интернати шифохонаи клиникавии шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Аз соли 1997 то 2002 дар вазифаи табиб – асабшиноси Дармонгоҳи №3-и Хуҷанд кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2002 то дами марг дар вазифаи мудири шуъбаи бемориҳои асаб дар шифохонаи клиникии бачагонаи Суғд фаъолият мекард. Ӯро дар қабристони “Болтухон”-и Хуҷанд бо иштироки пайвандону ҳамкоронаш ба хок супурданд.
https://sputnik.tj/20220116/bemoron-koronavirus-muolija-darguzasht-odil-davlatov-1044847241.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, даргузашт
дар тоҷикистон, суғд, даргузашт
Даргузашти Манзура Ахмедова, табиби асабшиноси кӯдакон: 54-сола буд
12:10 18.01.2022 (Навсозишуда: 18:01 18.01.2022) Давоми чанд сол табиб ҳангоми идомаи кор дар беморхона бо саратон мубориза мебурд
ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Манзура Ахмедова, табиби асабшиноси шифохонаи клиникии бачагонаи Суғд дар синни 54-солагӣ аз олам даргузашт.
Хабари даргузашти ин табиби маъруфи Хуҷандро ҳамкоронаш таъйид намуданд.
Нуриддин Ашӯров, яке аз табибони шифохонаи клиникии кӯдакони Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ахмедова 17 январ ҷон ба Ҷонофарин супурд.
“Ин хабари шум мо, ҳама ҳамкоронро ҳайратзада кард. Он кас аз табибони ботаҷрибаи асабшиносӣ буданд, ки ҳамеша барои табобати кӯдакону наврасон талош мекарданд”, - зикр кард Ашӯров.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ахмедова ҳудуди ҳашт соли пеш гирифтори бемории саратони сина (рак молочной железы) шуда ва тӯли ин солҳо пайваста табобати кимёдармонӣ мегирифт.
Манзура Ахмедова, ҳамсари Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги Суғд буд ва онҳо яке аз оилаҳои намунавии Хуҷанд маҳсуб мешаванд. Ахмедова Манзура Амонуллоевна 26 июли соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1991 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури кӯдакон хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси духтур интернати шифохонаи клиникавии шаҳри Душанбе оғоз намудааст.
Аз соли 1997 то 2002 дар вазифаи табиб – асабшиноси Дармонгоҳи №3-и Хуҷанд кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2002 то дами марг дар вазифаи мудири шуъбаи бемориҳои асаб дар шифохонаи клиникии бачагонаи Суғд фаъолият мекард.
Ӯро дар қабристони “Болтухон”-и Хуҷанд бо иштироки пайвандону ҳамкоронаш ба хок супурданд.