https://sputnik.tj/20220116/bemoron-koronavirus-muolija-darguzasht-odil-davlatov-1044847241.html
Беморони коронавирусро муолиҷа мекард: даргузашти Одил Давлатов дар ҷои кор
Беморони коронавирусро муолиҷа мекард: даргузашти Одил Давлатов дар ҷои кор
Sputnik Тоҷикистон
Одил Давлатов, табиби эҳёгари Шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент дар синни 54-солагӣ дар ҷойи кораш аз олам даргузашт.
2022-01-16T15:10+0500
2022-01-16T15:10+0500
2022-01-17T16:06+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
панҷакент
пизишк
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/17/1032324767_0:0:3051:1717_1920x0_80_0_0_746a945b18a3c7d696e203a423b58179.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Даргузашти Давлатов, табиби эҳёгари шаҳри Панҷакентро ҳамкоронаш таъйид карданд. "Давлатов рӯзи 15-уми январ навбатдор буд, вале бегоҳӣ дучори дарди сар шуда, бо ҳамин ҷон ба Ҳақ таслим намудааст", - изҳор дошт Раъно Абдуллоева, сартабиби шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент ба Sputnik Тоҷикистон.Ӯ афзуд, Давлатов соли гузашта як дафъа сактаи хурди мағзӣ - микроинсултро аз сар гузаронда буд. Абдуллоева зикр кард, ки Давлатов аз табибони масъулиятшиноси шаҳри Панҷакент буд ва аксари беморони вазнини шуъбаи эҳё зери муроқибати ӯ қарор мегирифтанд. Сартабиб даргузашти Одил Давлатовро як талафоти ҷуброннопазир барои соҳаи тибби шаҳри Панҷакент хонд. “Ҳамеша кори худро бо шавқ ба иҷро мерасонд. Ҳама беморон аз кори ӯ қонеъ буданд. Худаш ҳам табиби хоксор буд, ҳеҷ гоҳ дили касеро озор намедод. Кӯшиш мекард, кори неку савобро иҷро намояд”, - ёд овард Абдуллоева. Одил Давлатов соли 1968 дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, соли 1993 фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи эҳёи шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент шуруъ намуд ва то дами марг дар ин ҷо кор мекард. Соли 2021 бо гирифтани унвони Аълочии тандурстии Тоҷикистон шарафёб гардонида шуда буд. Қарор аст, бо расидани писараш, ки дар ҳиҷрати корӣ дар Русия қарор дорад, бегоҳи 16 январ ҷанозаи Одил Давлатов дар қабристони ҷамоати Рӯдакӣ ба хок супурда шавад.
https://sputnik.tj/20211221/motam-oila-prezident-mullo-tabib-2021-1043924065.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/17/1032324767_75:0:2806:2048_1920x0_80_0_0_37410ce622f719c75b5083e7f63ef17b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, одил давлатов, табиб, эҳёгар, ҷои кор
даргузашт, одил давлатов, табиб, эҳёгар, ҷои кор
Беморони коронавирусро муолиҷа мекард: даргузашти Одил Давлатов дар ҷои кор
15:10 16.01.2022 (Навсозишуда: 16:06 17.01.2022) Одил Давлатов, табиби эҳёгари шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент дар синни 54-солагӣ дар ҷойи кораш аз олам даргузашт.
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Даргузашти Давлатов, табиби эҳёгари шаҳри Панҷакентро ҳамкоронаш таъйид карданд.
"Давлатов рӯзи 15-уми январ навбатдор буд, вале бегоҳӣ дучори дарди сар шуда, бо ҳамин ҷон ба Ҳақ таслим намудааст", - изҳор дошт Раъно Абдуллоева, сартабиби шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент ба Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, Давлатов соли гузашта як дафъа сактаи хурди мағзӣ - микроинсултро аз сар гузаронда буд.
"Ба вазъи саломатии худ нигоҳ накарда, бо хоҳиши худ ба шуъбаи сироятшиносӣ, барои муолиҷаи беморони коронавирус ба кор гузашта буданд. Дирӯз дар шуъбаи эҳё дар ҷойи кор бандагӣ кардаанд”, - гуфт сартабиб.
Абдуллоева зикр кард, ки Давлатов аз табибони масъулиятшиноси шаҳри Панҷакент буд ва аксари беморони вазнини шуъбаи эҳё зери муроқибати ӯ қарор мегирифтанд.
Сартабиб даргузашти Одил Давлатовро як талафоти ҷуброннопазир барои соҳаи тибби шаҳри Панҷакент хонд.
“Ҳамеша кори худро бо шавқ ба иҷро мерасонд. Ҳама беморон аз кори ӯ қонеъ буданд. Худаш ҳам табиби хоксор буд, ҳеҷ гоҳ дили касеро озор намедод. Кӯшиш мекард, кори неку савобро иҷро намояд”, - ёд овард Абдуллоева.
Одил Давлатов соли 1968 дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, соли 1993 фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи эҳёи шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент шуруъ намуд ва то дами марг дар ин ҷо кор мекард. Соли 2021 бо гирифтани унвони Аълочии тандурстии Тоҷикистон шарафёб гардонида шуда буд. Қарор аст, бо расидани писараш, ки дар ҳиҷрати корӣ дар Русия қарор дорад, бегоҳи 16 январ ҷанозаи Одил Давлатов дар қабристони ҷамоати Рӯдакӣ ба хок супурда шавад.