Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мясников: Дар бемористон бистарӣ кардани гирифторони омикрон хавфнок аст

© Sputnik / Владимир ПесняГлавный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Ба таъкиди ин пизишк, маризони гирифтори штамми нави омикрон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд дар беморхона бистарӣ гарданд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Наздики 60-70 дарсади сокинони сайёра ҳатман гирифтори омикрон мешаванд, гуфт муҷрии барномаҳои телевизионӣ ва ҳамзамон пизишк Александр Мясников ба РИА Новости.
Ба таъкиди ӯ, танҳо нафароне, ки масунияти қавӣ доранд ва ҳамзамон аз лиҳози гинетикӣ ба сироятҳо тобоваранд, шояд мубталои бемориҳои шадиди роҳи нафас нашаванд.
Ин пизишк, штамми омикронро бемории шадиди роҳи нафас номид. Ба андешаи ӯ, шахсони гирифтори штамми нав бояд дар хона бимонанд, зеро ҳангоми дар беморхона бистарӣ шудани онҳо хавфи гирифторӣ ба штамми делта мавҷуд аст, ки ин навъ хавфноктар аст.

"Бояд дарк кард, ки ҷойи беморони гирифтори омикрон танҳо хона аст. Ман "табобат кардан" намегӯям, зеро он табобат намешавад. Танҳо ду-се рӯз дар хона, дар инзивоъ қарор гирифтан зарур аст", - афзуд Мясников.

Штамми нави B.1.1.529 дар охири моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ пайдо шуд. Он дорои даҳҳо таҳаввул дар сафедаи S мебошад, ки патоген бояд ҳуҷайраҳоро сироят кунад, аз ин рӯ эҳтимоли зиёд дорад, монеаҳоеро, ки инсоният бар зидди штаммҳои қаблӣ тавассути ваксина сохтааст, убур кунад.
Передача 20-ти машин скорой помощи медучреждениям Свердловской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пешгӯии даҳшатнок: ҳама гирифтори омикрон мешавем
Дар айни замон ин штамм камтар марговар аст ва одамони ваксинашуда нисбат ба онҳое, ки моякӯбӣ нашудаанд, онро осонтар паси сар мекунанд.
Дар Тоҷикистон расман мавҷуд будани ин навъ зикр мешавад, вале рӯзҳои охир сокинон аз паҳн шудани зукоми шадид шиква мекунанд. Масъулони соҳаи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ин танҳо зукоми мавсимӣ асту халос.
Лентаи хабарҳо
0