https://sputnik.tj/20220117/qurb-rubl-tojikiston-dollar-evro-1044852117.html
Қурби рубл дар Тоҷикистон поё рафт: бо доллару евро чӣ шуд?
Қурби рубл дар Тоҷикистон поё рафт: бо доллару евро чӣ шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши асъори русӣ дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ қариб ду сомонӣ коҳиш ёфтааст
2022-01-17T08:40+0500
2022-01-17T08:40+0500
2022-01-17T09:52+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
сомонӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043958448_0:150:2872:1766_1920x0_80_0_0_a610f6e4fa8438d9f4b70665e894c8a1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.Арзиши асъори русӣ дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ қариб ду сомонӣ коҳиш ёфтаастТибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 148,2 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар барои 1000 рубл 150 сомонӣ медоданд.Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравиҳои ҳафтаи гузашта, каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.9261 сомонӣ қимат дорад. Ду рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.9577 сомонӣ медоданд.Ин асъор сар аз охирҳои декабри соли 2021 то кунун дар ҳоло шинокунанда қарор дорад. Доллар аз аввали соли 2022 дар ҳамон сатҳи муқарраршуда боқӣ монда, як доллар ба 11,3 сомонӣ баробар аст.Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;1 евро аз 12.9261 то 13.1000 сомонӣ;1 рубли русӣ аз 0.0.1482 то 0.1500 сомонӣ.Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220113/peshbini-iqtisoddon-dollar-1044767437.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043958448_160:0:2713:1915_1920x0_80_0_0_86716fa691ffd25c47ba34009e2972dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб рубл тоҷикистон доллар евро
қурб рубл тоҷикистон доллар евро
Қурби рубл дар Тоҷикистон поё рафт: бо доллару евро чӣ шуд?
08:40 17.01.2022 (Навсозишуда: 09:52 17.01.2022) Қурби рубл ҳеҷ натавонистааст ба нишондиҳандаҳое, ки дар аввали соли 2022 буд, боло равад. Ин асъор чанд ҳафта паиҳам поин рафтанро идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Арзиши асъори русӣ дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ қариб ду сомонӣ коҳиш ёфтааст
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 148,2 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар барои 1000 рубл 150 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравиҳои ҳафтаи гузашта, каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.9261 сомонӣ қимат дорад. Ду рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.9577 сомонӣ медоданд.
Ин асъор сар аз охирҳои декабри соли 2021 то кунун дар ҳоло шинокунанда қарор дорад.
Доллар аз аввали соли 2022 дар ҳамон сатҳи муқарраршуда боқӣ монда, як доллар ба 11,3 сомонӣ баробар аст.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9261 то 13.1000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.0.1482 то 0.1500 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.