https://sputnik.tj/20220117/jabborov-akaev-gunahkor-1044873006.html
Ҷабборов: Акаев дигар назди мардум гунаҳкор нест
Ҷабборов: Акаев дигар назди мардум гунаҳкор нест
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи президент, шаҳодати Акаев дар қаҳияи "Кумтор" бисёр кумак кард
2022-01-17T18:00+0500
2022-01-17T18:00+0500
2022-01-17T19:23+0500
сиёсат
қирғизистон
аскар оқоев
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044261479_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_03d42b8e1d84ffd6fcb953e65f9e8b62.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Содир Ҷабборов гуфт, ки президенти нахустини ин кишвар баъди истиқлолаш Аскар Акаев хатоҳои қаблии худро дар назди мардум ислоҳ кард. Ин нуктаро Ҷабборов дар мусоҳиба бо "Вечерний Бишкек" изҳор дошта афзуд, ки шаҳодати ӯ дар қаҳияи "Кумтор" бисёр муфид буд.Ёдовар мешавем, Акаев дар моҳҳои август ва декабри соли гузашта ба Бишкек сафар кард ва дар қазияи "Кумтор" шаҳодат дод.Иддаои Ҷабборов дар ҳолест, ки КДАМ Қирғизистон аз ифтитоҳи парвандаи нав алайҳи Акаев хабар дод.Қаблан раисҷумҳури пешини ин кишвар ва ҷонибдорони ӯ изҳор карда буданд, ки КДАМ Қирғизистон дигар зидди ӯ даъвое надорад ва ӯ куллан сафед шудааст. Аммо баъдан хабари пурра сафед шудани Акаев дурӯғ баромад.КДАМ Қирғизистон мегӯяд, раисҷумҳури қаблӣ сафед нашудааст ва тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷонибдори ӯ Бекболот Талғарбеков гуфта буд, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дигар даъвое алайҳи раиси ҷумҳурии пешин надорад. Ӯ гуфта буд, Акаев пас аз бозпурсии навбатии КДАМ ҳамроҳ бо писараш ба Маскав парвоз кард.Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид намудааст, ки "баёноти носаҳеҳи афроди алоҳида" дар бораи лағви тамоми иттиҳомот алайҳи президенти аввалин ҷомеаро ба шубҳа водор менамояд.
https://sputnik.tj/20211221/safed-nashud-iftitoh-parvandai-askar-akaev-1044299903.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044261479_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d9af9e8774d9a5d240b971a738fecf83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
одир ҷабборов аскар акаев қирғизистон
одир ҷабборов аскар акаев қирғизистон
Ҷабборов: Акаев дигар назди мардум гунаҳкор нест
18:00 17.01.2022 (Навсозишуда: 19:23 17.01.2022) Ба гуфтаи президенти Қирғизистон, шаҳодати президенти пешини ин кишвар дар қазияи "Кумтор" бисёр кумак кард
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Содир Ҷабборов гуфт, ки президенти нахустини ин кишвар баъди истиқлолаш Аскар Акаев хатоҳои қаблии худро дар назди мардум ислоҳ кард. Ин нуктаро Ҷабборов дар мусоҳиба бо "Вечерний Бишкек" изҳор дошта афзуд, ки шаҳодати ӯ дар қаҳияи "Кумтор" бисёр муфид буд.
""Кумтор" дар арафаи имзои санадҳои ҳуқуқӣ аст. Худо хоҳад, то баҳор онро ба анҷом мерасонем. "Қумтор" азони мо шуд. Шаҳодати Акаев дар ин кор кумак кард. Акнун ҳамааш тамом шавад, муфассал гап мезанем", - таъкид намуд Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, Акаев дар моҳҳои август ва декабри соли гузашта ба Бишкек сафар кард ва дар қазияи "Кумтор" шаҳодат дод.
Иддаои Ҷабборов дар ҳолест, ки КДАМ Қирғизистон аз ифтитоҳи парвандаи нав алайҳи Акаев хабар дод.
Қаблан раисҷумҳури пешини ин кишвар ва ҷонибдорони ӯ изҳор карда буданд, ки КДАМ Қирғизистон дигар зидди ӯ даъвое надорад ва ӯ куллан сафед шудааст. Аммо баъдан хабари пурра сафед шудани Акаев дурӯғ баромад.
КДАМ Қирғизистон мегӯяд, раисҷумҳури қаблӣ сафед нашудааст ва тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷонибдори ӯ Бекболот Талғарбеков гуфта буд, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дигар даъвое алайҳи раиси ҷумҳурии пешин надорад. Ӯ гуфта буд, Акаев пас аз бозпурсии навбатии КДАМ ҳамроҳ бо писараш ба Маскав парвоз кард.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид намудааст, ки "баёноти носаҳеҳи афроди алоҳида" дар бораи лағви тамоми иттиҳомот алайҳи президенти аввалин ҷомеаро ба шубҳа водор менамояд.