https://sputnik.tj/20220117/asos-nadorad-vokunish-agenti-boloravi-narkh-bilet-1044868620.html
“Асос надорад” – агентӣ зидди афзоиши нархи билети ҳавопаймо
“Асос надорад” – агентӣ зидди афзоиши нархи билети ҳавопаймо
Sputnik Тоҷикистон
Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон боло бурдани нархи билетҳо аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардиро маҳкум кард
2022-01-17T16:20+0500
2022-01-17T16:20+0500
2022-01-17T19:04+0500
дар тоҷикистон
агентӣ
ҳавопаймо
парвоз
нарх
авиатсияи гражданӣ
зиёд шудан
билет
идораи ҳавонавардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039787915_0:37:1200:712_1920x0_80_0_0_6c780d0854876e921a23b2f0545f91b6.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Қаблан ширкатҳои ҳавонавардӣ арзиши чиптаҳои худро дар масирҳои миёни Тоҷикистону Русия ҳудуди 50% дарсад боло бурда буданд. Як манбаъ дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, сохтори масъули назорати ин бозор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод мухолифи ҳар гуна баланд бардоштани нархи наво аст. Мусоҳиб таъкид намуд, ки ин масъаларо агентӣ дар доираи салоҳияти худ ба баррасӣ мегирад ва чораҷӯӣ мекунад. Аммо тафсилоти чораандешиҳои агентӣ ироа нашуд. Маврид ба зикр аст, ки дар гузашта низ бар хилофи дастурҳои ин ниҳод нархи билети парвози миёни Русия ва Тоҷикистон аз нишондодҳои он ба маротиб боло бурда мешуд. Қаблан ожонс дар пайи ҳисоби хароҷот муқаррар карда буд, ки билети парвоз дар масири Тоҷикистон - Русия аз ҳар ду тараф, дар маҷмуъ набояд аз 500 доллари амрикоӣ зиёд бошад. Аммо мусофирон мегуфтанд, дар амал ин қарор риоя намешуд. Дар ҳафтаи гузашта қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 50 дарсад боло рафт. Бино ба нархномаҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ нашр кардаанд, ба гунаи мисол, нархи як билети парвози Душанбе то Маскав беш аз 5 ҳазор сомонӣ аст, дар ҳоле ки моҳи декабр 2,4 ҳазор сомонӣ буд. Нархи билет аз дигар шаҳрҳо – Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба самти Маскав низ ба таври ҳамсон гарон шудааст, дар ҳоле ки қимати парвоз ба дигар шаҳрҳои Русия каме арзонтар аст. Масалан, билети Душанбе - Самара ва Нижний Новгород то 3,5 ҳазор сомонӣ (23 ҳазор рубли русӣ) нарх дорад. Ба қавли кормандони билетфурӯшиҳои шаҳри Душанбе, сабаби гароншавии билет аз Тоҷикистон ба Русия ба афзоиши талаботи мусофирин бастагӣ дорад.
https://sputnik.tj/20220111/narkh-parvoz-rusiya-garon-1044712827.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039787915_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_eee0f373118d20aee4598f3aa7f5f3af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
агентӣ, болоравӣ, нарх, билет, ҳавопаймо, беасос
агентӣ, болоравӣ, нарх, билет, ҳавопаймо, беасос
“Асос надорад” – агентӣ зидди афзоиши нархи билети ҳавопаймо
16:20 17.01.2022 (Навсозишуда: 19:04 17.01.2022) Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон боло бурдани нархи билетҳо аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардиро маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Қаблан ширкатҳои ҳавонавардӣ арзиши чиптаҳои худро дар масирҳои миёни Тоҷикистону Русия ҳудуди 50% дарсад боло бурда буданд.
Як манбаъ дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, сохтори масъули назорати ин бозор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод мухолифи ҳар гуна баланд бардоштани нархи наво аст.
"Агентӣ аз оғоз чунин сиёсатро пеш гирифта ва сари он таъкид мекарду мекунад. Боло бурдани нархи билетҳо аз сӯи ширкатҳо комилан беасос ва дур аз инсоф аст”, - гуфт манбаъ.
Мусоҳиб таъкид намуд, ки ин масъаларо агентӣ дар доираи салоҳияти худ ба баррасӣ мегирад ва чораҷӯӣ мекунад. Аммо тафсилоти чораандешиҳои агентӣ ироа нашуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар гузашта низ бар хилофи дастурҳои ин ниҳод нархи билети парвози миёни Русия ва Тоҷикистон аз нишондодҳои он ба маротиб боло бурда мешуд. Қаблан ожонс дар пайи ҳисоби хароҷот муқаррар карда буд, ки билети парвоз дар масири Тоҷикистон - Русия аз ҳар ду тараф, дар маҷмуъ набояд аз 500 доллари амрикоӣ зиёд бошад. Аммо мусофирон мегуфтанд, дар амал ин қарор риоя намешуд.
Дар ҳафтаи гузашта қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 50 дарсад боло рафт. Бино ба нархномаҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ нашр кардаанд, ба гунаи мисол, нархи як билети парвози Душанбе то Маскав беш аз 5 ҳазор сомонӣ аст, дар ҳоле ки моҳи декабр 2,4 ҳазор сомонӣ буд.
Нархи билет аз дигар шаҳрҳо – Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба самти Маскав низ ба таври ҳамсон гарон шудааст, дар ҳоле ки қимати парвоз ба дигар шаҳрҳои Русия каме арзонтар аст.
Масалан, билети Душанбе - Самара ва Нижний Новгород то 3,5 ҳазор сомонӣ (23 ҳазор рубли русӣ) нарх дорад. Ба қавли кормандони билетфурӯшиҳои шаҳри Душанбе, сабаби гароншавии билет аз Тоҷикистон ба Русия ба афзоиши талаботи мусофирин бастагӣ дорад.