https://sputnik.tj/20220111/narkh-parvoz-rusiya-garon-1044712827.html
Билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия гарон шуд: сабаб
Билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия гарон шуд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Нархи парвозҳои самти Тоҷикистон - Русия якбора боло рафт
2022-01-11T14:46+0500
2022-01-11T14:46+0500
2022-01-11T18:15+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
парвоз
нарх
қиммат шудани нархҳо
чипта
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/27/1028692700_89:0:1796:960_1920x0_80_0_0_f6be751d2f0e86b8308a0d976ffd421f.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи ҳафтаи равон қимати билети ҳавопаймо барои парвоз ба Русия афзоиш ёфт. Чуноне нархномаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нишон медиҳанд, ҳамакнун нархи як чиптаи парвоз аз пойтахти Тоҷикистон то Маскав беш аз 5 ҳазор сомонӣ аст.Тамоюли болоравии нархи чиптаҳои самти Русия ҳафтаи равон ба назар расид. Қимати билети ҳавопаймои парвозҳои Тоҷикистон - Русия беш аз 50 дарсад боло рафтааст.Агар моҳи декабр нархи чиптаи Душанбе - Маскав 2,4 ҳазор сомонӣ (19-21 ҳазор рубли русӣ) буд, феълан беш он аз 5 ҳазор сомонӣ (тақрибан 34 ҳазор рубл) нарх дорад.Манбаъ сабаби гароншавии билет аз Тоҷикистон ба Русияро дар афзоиши талаботи зиёди мардум ба он арзёбӣ кард.Бавижа нархи чипта аз ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба самти Маскав гарон шудааст ва як нарх дорад.Вале қимати билет барои парвоз ба дигар шаҳрҳои Русия каме арзонтар аст. Масалан, арзиши билети Душанбе - Самара ва Нижний Новгород то 3,5 ҳазор сомонӣ (23 ҳазор рубли русӣ) аст.Ёдовар мешавем, баҳори соли 2021, замони бозкушоии марзҳои Тоҷикистону Русия ва афзоиши парвозҳои чартерӣ миёни ин ду кишвар нархи чиптаҳо то 10-12 ҳазор сомонӣ боло рафт. Он замон Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тақозо карда буд, ки қимати чиптаҳои Душанбе - Маскав - Душанберо на бештар аз 500 доллар кунад.
https://sputnik.tj/20211019/parvoz-surgut-tojikiston-barqaror-1042972243.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/27/1028692700_302:0:1582:960_1920x0_80_0_0_79ba8d76f8ab548d8d4b764d7d35f18f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чипта, нарх, парвоз, душанбе, масккав
чипта, нарх, парвоз, душанбе, масккав
Билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия гарон шуд: сабаб
14:46 11.01.2022 (Навсозишуда: 18:15 11.01.2022) Қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 50 дарсад боло рафт
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи ҳафтаи равон қимати билети ҳавопаймо барои парвоз ба Русия афзоиш ёфт.
Чуноне нархномаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нишон медиҳанд, ҳамакнун нархи як чиптаи парвоз аз пойтахти Тоҷикистон то Маскав беш аз 5 ҳазор сомонӣ аст.
Тамоюли болоравии нархи чиптаҳои самти Русия ҳафтаи равон ба назар расид. Қимати билети ҳавопаймои парвозҳои Тоҷикистон - Русия беш аз 50 дарсад боло рафтааст.
Агар моҳи декабр нархи чиптаи Душанбе - Маскав 2,4 ҳазор сомонӣ (19-21 ҳазор рубли русӣ) буд, феълан беш он аз 5 ҳазор сомонӣ (тақрибан 34 ҳазор рубл) нарх дорад.
"Аз Душанбе ба Маскав то охири моҳи январ нархи билет беш аз 5 ҳазор сомонӣ (33 - 34 ҳазор рубл) аст. Моҳи декабр билет аз 2,4 то 2,6 ҳазор сомонӣ (аз 19 то 21 ҳазор рубли русӣ) қимат дошт", - гуфт як билетфурӯш.
Манбаъ сабаби гароншавии билет аз Тоҷикистон ба Русияро дар афзоиши талаботи зиёди мардум ба он арзёбӣ кард.
Бавижа нархи чипта аз ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба самти Маскав гарон шудааст ва як нарх дорад.
Вале қимати билет барои парвоз ба дигар шаҳрҳои Русия каме арзонтар аст. Масалан, арзиши билети Душанбе - Самара ва Нижний Новгород то 3,5 ҳазор сомонӣ (23 ҳазор рубли русӣ) аст.
Ёдовар мешавем, баҳори соли 2021, замони бозкушоии марзҳои Тоҷикистону Русия ва афзоиши парвозҳои чартерӣ миёни ин ду кишвар нархи чиптаҳо то 10-12 ҳазор сомонӣ боло рафт.
Он замон Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тақозо карда буд, ки қимати чиптаҳои Душанбе - Маскав - Душанберо на бештар аз 500 доллар кунад.