Аҳмадинажод: Чин, Русия ва Покистон аз пуштибонии толибон пушаймон хоҳанд шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкМахмуд Ахмадинежад
Махмуд Ахмадинежад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури пешини Эрон мегӯяд, гурӯҳе, ки мухолифи хости мардум бо зӯри аслиҳа ҳоким шуд, як таҳдиди ҷиддӣ барои ҳамаи ҷаҳон аст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, гурӯҳи толибон на ҷунбиши динианд ва на ҳам ҷунбиши қавмӣ. Ӯ меафзояд, дин бо аслиҳа кор намегирад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба “Амаҷ”.
Ба гуфтаи раисҷумҳури пешини Эрон, гурӯҳе, ки мухолифи хости мардум бо зӯри аслиҳа ҳоким шавад, як таҳдиди ҷиддӣ барои ҳамаи ҷаҳон аст.
Ба гуфтаи Аҳмадинажод, толибонро амрикоиҳо пуштибонӣ мекарданд ва дар Покистон тамрин медоданд.
"Чин, Русия ва Покистон аз пуштибонии толибон пушаймон хоҳанд шуд", - гуфт вай.
Аҳмадинажод таъкид мекунад, толибон мухолиф ҳастанд, ки мардум садо бардоранд.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд пас аз поёни сафарҳояш ба Афғонистон бармегардад
"Форёб, Панҷшер ё дар ҳар ҷои дигари Афғонистон агар фазои изҳори назари мардум эҷод шавад, толибон бо ин раванд мухолифат хоҳанд кард", - қайд кард раисҷумҳури пешини Эрон.
Аҳмадинажод мегӯяд, ДИИШ* ва "Ал-қоида"* дар Афғонистон босуръат ташаккул ёфтаанд ва ҳар замоне ки омода бошанд, барои ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҳдиди ҷиддӣ хоҳанд шуд.
Аҳмадинажод афзуд, мушкили аслии Афғонистон ишғоли ин кишвар аз сӯйи хориҷиён аст.
Вай ҳамчунин гуфт, мардум дар Афғонистон зиндагӣ дар чунин шароитро дӯст намедоранд. Дар Панҷшер барои феълан на, аммо дар ояндаи таҳаррукоте густариш пайдо мекунад ва дар муодилоти оянда таъсир хоҳад гузошт.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия
Лентаи хабарҳо
0