https://sputnik.tj/20220117/ablyazov-naqshai-taghyiri-hukumat-qazoqiston-1044859007.html
Аблязов гуфт, нақшаи тағйири ҳукумат дар Қазоқистонро дорад: суҳбати бонкдори фирорӣ
Аблязов гуфт, нақшаи тағйири ҳукумат дар Қазоқистонро дорад: суҳбати бонкдори фирорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мухтор Аблязов, бонкдори фирорӣ, мегӯяд, ӯ дар ҳукумати муваққатии Қазоқистон мақоми сарвазирро хоҳад дошт
2022-01-17T12:52+0500
2022-01-17T12:52+0500
2022-01-17T17:40+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
қазоқистон
тағйир
низом
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101572/08/1015720877_0:11:1601:911_1920x0_80_0_0_63c872e524216c9a7e2bb9b4a74428c7.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Аблязов, ки феълан дар Фаронса иқомат дорад, изҳор дошт, ки нақшаи иваз намудани ҳукумат дар Қазоқистонро таҳия намудааст. Ӯ дар суҳбат бо РИА "Новости" аз нияташ барои талаби кумак аз Аврупо хабар дода, афзуд, ки мехоҳад дар ҳукумати муваққатӣ сарвазир бошад. Вай таъкид намудааст, ки мақоми президентиро дар Қазоқистон умуман лағв мекунад. Ин дар ҳолест, ки ғоибона Аблязов барои куштори шарики тиҷорияш Ержан Татишев дар соли 2004-ум ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Аммо худаш мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки ояндаи наздик ба Қазоқистон баргардад. "Аз тариқи телевизиони Фаронса баромад мекунам. Бевосита ба президент Макрон муроҷиат намудам. Кишварҳои ғарбиро ҳушдор додам, ки агар интизор бимонанд, оташи ҷанг дар Осиёи Марказӣ бадтар аз Афғонистон хоҳад буд", - илова намуд ӯ. Сиёсатмадори фирории муқими Фаронса феълан аз тарси таъқиб аз ҷониби мақомоти Қазоқистон ба кишварҳои дигар сафар намекунад. Дар Қазоқистон додгоҳ ӯро дар ташкили созмони ҷиноӣ, дуздии маблағҳои БТА бонк гунаҳкор донистааст, ки зарари расонда беш аз 7,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳаракати сабтиномнашудаи "Интихоби демократии Қазоқистон" дар ин кишвар экстремистӣ эълон шудааст. Соли 2019-ум бонкдори фирорӣ ташаббускори эътирозҳои оммавӣ дар рӯзи интихоботи президентӣ буд. Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои аввали соли равон ҳамоишҳои эътирозӣ алайҳи болоравии нархи газ дар Қазоиқистон рух дода, баъдан ба бетартибиҳои оммавӣ печиданд, ки садҳо куштаю маҷруҳ бар ҷой гузоштанд.
https://sputnik.tj/20220116/qazoqiston-nooromi-posukh-dabiri-saad-1044846736.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101572/08/1015720877_186:0:1413:920_1920x0_80_0_0_fbb40373af40f5e52ecaa51d52ceba61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, аблязов, ҳукумат, қазоқистон, тағйир
нақша, аблязов, ҳукумат, қазоқистон, тағйир
Аблязов гуфт, нақшаи тағйири ҳукумат дар Қазоқистонро дорад: суҳбати бонкдори фирорӣ
12:52 17.01.2022 (Навсозишуда: 17:40 17.01.2022) Бонкдори фирорӣ мегӯяд, ӯ дар ҳукумати муваққатии Қазоқистон мақоми сарвазирро хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Аблязов, ки феълан дар Фаронса иқомат дорад, изҳор дошт, ки нақшаи иваз намудани ҳукумат дар Қазоқистонро таҳия намудааст.
Ӯ дар суҳбат бо РИА "Новости" аз нияташ барои талаби кумак аз Аврупо хабар дода, афзуд, ки мехоҳад дар ҳукумати муваққатӣ сарвазир бошад.
"Мо барои тағйири ин низом муваффақ хоҳем шуд. Ба Қазоқистон бармегардаму давоми 6 моҳ дар ҳукумати муваққатӣ сарвазир хоҳам буд. Баъдан интихобот эълон мегардад ва агар ҳизби мо пирӯз шавад, сарвазири қонунӣ хоҳам шуд", - гуфтааст ӯ.
Вай таъкид намудааст, ки мақоми президентиро дар Қазоқистон умуман лағв мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ғоибона Аблязов барои куштори шарики тиҷорияш Ержан Татишев дар соли 2004-ум ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Аммо худаш мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки ояндаи наздик ба Қазоқистон баргардад.
"Аз тариқи телевизиони Фаронса баромад мекунам. Бевосита ба президент Макрон муроҷиат намудам. Кишварҳои ғарбиро ҳушдор додам, ки агар интизор бимонанд, оташи ҷанг дар Осиёи Марказӣ бадтар аз Афғонистон хоҳад буд", - илова намуд ӯ.
Сиёсатмадори фирории муқими Фаронса феълан аз тарси таъқиб аз ҷониби мақомоти Қазоқистон ба кишварҳои дигар сафар намекунад.
Дар Қазоқистон додгоҳ ӯро дар ташкили созмони ҷиноӣ, дуздии маблағҳои БТА бонк гунаҳкор донистааст, ки зарари расонда беш аз 7,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳаракати сабтиномнашудаи "Интихоби демократии Қазоқистон" дар ин кишвар экстремистӣ эълон шудааст. Соли 2019-ум бонкдори фирорӣ ташаббускори эътирозҳои оммавӣ дар рӯзи интихоботи президентӣ буд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои аввали соли равон ҳамоишҳои эътирозӣ алайҳи болоравии нархи газ дар Қазоиқистон рух дода, баъдан ба бетартибиҳои оммавӣ печиданд, ки садҳо куштаю маҷруҳ бар ҷой гузоштанд.