Оё дар Қазоқистон боз нооромӣ мешавад? Посухи дабири кулли СААД

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Обуна шудан
Вазъият дар Қазоқистон зери назорат гирифта шуд, изҳор дошт дабири кулли СААД, Станисалав Зас.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дабири кулли СААД авҷи нави нооромиҳо дар Қазоқистонро аз эҳтимол дур медонад.
Станислав Зас дар суҳбат бо RT гуфт, вазъ дар Қазоқистон феълан зери назорат гирифта шудааст.
"Ман ҳоҷати суҳбат дар бораи реванш ё авҷи нави нооромиҳоро намебинам. Боварӣ дорам, ки ин амалан ғайриимкон мебошад, чун вазъ комилан зери назорат мебошад", - изҳор дошт Зас.
Ӯ афзуд, ки ҳозир кори бузурге барои муайян сохтани ҷузъиёти ин ҳодиса ва ҳамаи иштирокдорон рафта истодааст.
"Мувофиқан чораҳои дахлдор дар доираи қонуни Қазоқистон қабул мешаванд. Албатта ҳама аз ин ҳаводис барои худ хулосае бароварданд - на танҳо мардуми Қазоқистон, балки роҳбарияти ин кишвар низ", - илова намуд ӯ.
Президент Белоруссии Александр Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Лукашенко гуфт, амалиёти СПАД дар Қазоқистонро ӯву Путин дар як соат тарроҳӣ карданд
Маврид ба зикр аст, ки эътирозоти оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон дар пасманзари ду баробар боло рафтани нархи газ сар зада, аз ҷумла шаҳри Алмаато, пойтахти пешинаи кишварро фаро гирифтанд. Дар посух роҳбарияти кишвар то 19 январ ҳолати фавқулодда эълон намуд, то тартиботу волоияти қонун таъмин гардад.
Ба гузориши СММ дар ҷараёни эътирозот дар Қазоқистон ҳудуди 1 ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд. Ба иттилои мақомоти умури дохилии Қазоқистон 17 намояндаи мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, беш аз 1,3 ҳазор нафар осеб диданд.
Лентаи хабарҳо
0