https://sputnik.tj/20220116/tedod-halokshuda-nooromi-almaato-1044850935.html
Теъдоди ҳалокшудаҳо дар нооромиҳои Алмаато маълум шуд
Теъдоди ҳалокшудаҳо дар нооромиҳои Алмаато маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти пулиси Алмаато теъдоди ҳалокшудаҳо дар нооромиҳои ахир дар ин шаҳрро расман эълон карданд
2022-01-16T20:19+0500
2022-01-16T20:19+0500
2022-01-16T20:23+0500
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қазоқистон
нооромӣ
кушта шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044693499_0:57:1100:676_1920x0_80_0_0_dbfd9723fddad35a49678c0fd2306485.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Алмаато зимни бетартибиҳои оммавӣ 149 шаҳрванди мулкӣ ва 11 корманди мақомоти қудратӣ кушта шуданд, хабар дод Канат Таймердов, сардори пулиси шаҳр. "Ёздаҳ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 149 шаҳрванди мулкӣ", - изҳор дошт сардори пулис зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суол дар мавриди қурбониёни бетартибиҳои охир. Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуда буданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо рехтанд.Баъдтар ин гуна эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн шуданд. Дар муддати кӯтоҳе даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ин ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар эълон кард. Дар Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо ба кор шуруъ кардаанд.
https://sputnik.tj/20220116/qazoqiston-nooromi-posukh-dabiri-saad-1044846736.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044693499_62:0:1039:733_1920x0_80_0_0_8bc110ea46efb72173dab3ba8386681c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теъдод, ҳалокшуда, алмаато, шумора
теъдод, ҳалокшуда, алмаато, шумора
Теъдоди ҳалокшудаҳо дар нооромиҳои Алмаато маълум шуд
20:19 16.01.2022 (Навсозишуда: 20:23 16.01.2022) Мақомоти пулиси Алмаато теъдоди ҳалокшудаҳо дар нооромиҳои ахир дар ин шаҳрро расман эълон карданд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Алмаато зимни бетартибиҳои оммавӣ 149 шаҳрванди мулкӣ ва 11 корманди мақомоти қудратӣ кушта шуданд, хабар дод Канат Таймердов, сардори пулиси шаҳр.
"Ёздаҳ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 149 шаҳрванди мулкӣ", - изҳор дошт сардори пулис зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суол дар мавриди қурбониёни бетартибиҳои охир.
Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуда буданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо рехтанд.
Баъдтар ин гуна эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн шуданд. Дар муддати кӯтоҳе даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ин ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар эълон кард. Дар
Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.
Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо ба кор шуруъ кардаанд.