https://sputnik.tj/20220114/lavrov-gharb-kosai-sabri-rusiyaro-labrez-kard-1044823309.html
Лавров: Ғарб косаи сабри Русияро лабрез кард
Лавров: Ғарб косаи сабри Русияро лабрез кард
Sputnik Тоҷикистон
Русия мунтазири посухи Амрико ва НАТО дар бораи кафолати амниятӣ аст
2022-01-14T18:25+0500
2022-01-14T18:25+0500
2022-01-14T20:16+0500
нато
сергей лавров
ғарб
тадобири амниятӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042269873_0:0:2997:1685_1920x0_80_0_0_1a553dadb09dafa0091896f1e3cafffc.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, Ғарб косаи сабри Русияро лабрез кард, “Мо зиёд сабр кардем, ҳоло вақте расидааст, бархӯрд кунем, то рақибонамон посух диҳанд”."Косаи сабри мо лабрез шуд. Мо хеле пурсабр ҳастем, медонед, мо зиёд тоқат кардем. Хеле мунтазир шудем, акнун вақте расидааст, ки амал кунем. Мо ҳоло мунтазир ҳастем, ки рақибони мо ба пешниҳодҳоямон посух диҳанд”, — гуфт ӯ дар нишасти хабарии Вазорати умури хориҷии Русия.Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия шарҳ дод, ки ба кадом хотир масъалаи тавсеа наёфтани НАТО матраҳ аст. Вай гуфт, худи кишварҳои ғарбӣ вазъро то ҳамин ҳад расониданд.Ба гуфтаи вазири рус, НАТО ваъда дода буд, ки зерсохтори низомиро ба Шарқ намерасонад, аммо онҳо ваъдаҳояшонро "дағалона ба сатили партоб" андохтанд ва ин созмон ба марзҳои Русия наздик шуд.Қаблан намояндагони Ҳизби демократии Амрико дар Сенат лоиҳаи Қонуни чораҳои зидди Русияро пешниҳод карда буданд. Сенаторҳо мехоҳанд дар сурати "шиддати гирифтани авзоъ дар атрофи Украина" алайҳи бахшҳои муҳими иқтисоди Русия, аз ҷумла қарзи давлатӣ ва мансабдорони аршади давлатӣ таҳримҳо ҷорӣ кунанд.Илова бар ин бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз хисороти иқтисодӣ аз таҳримҳои эҳтимолии нави Вашингтон бар зидди Маскав изҳори нигаронӣ кардаанд.Ёдовар мешавем, коршиносон борҳо таъкид кардаанд, ки таҳримҳои Амрико ба Русия чандон зиён намерасонанд, баръакс ин кишвар дар гузашта аз ин амал фоида ба даст овард: тавлиди бисёре аз молҳоро роҳандозӣ кард ва вобастагияш аз Ғарбро коҳиш дод.Путин ин изҳоротро ҳушдори беасос номида, пайдо шудани силоҳҳои НАТО дар қаламрави кишвари ҳамсоя ва дигар таҳдидҳо ба амнияти Русияро хатти сурх донист.
https://sputnik.tj/20220114/lavrov-ukraina-sadho-nizomi-ima-btroniyo-1044816199.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042269873_39:0:2768:2047_1920x0_80_0_0_cec8f5a5b5967e8912d1a95687b2c209.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ғарб, сабр, нато, кафолат, амният
русия, ғарб, сабр, нато, кафолат, амният
Лавров: Ғарб косаи сабри Русияро лабрез кард
18:25 14.01.2022 (Навсозишуда: 20:16 14.01.2022) Русия мунтазири посухи Амрико ва НАТО дар бораи кафолати амниятӣ аст
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, Ғарб косаи сабри Русияро лабрез кард, “Мо зиёд сабр кардем, ҳоло вақте расидааст, бархӯрд кунем, то рақибонамон посух диҳанд”.
"Косаи сабри мо лабрез шуд. Мо хеле пурсабр ҳастем, медонед, мо зиёд тоқат кардем. Хеле мунтазир шудем, акнун вақте расидааст, ки амал кунем. Мо ҳоло мунтазир ҳастем, ки рақибони мо ба пешниҳодҳоямон посух диҳанд”, — гуфт ӯ дар нишасти хабарии Вазорати умури хориҷии Русия.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия шарҳ дод, ки ба кадом хотир масъалаи тавсеа наёфтани НАТО матраҳ аст. Вай гуфт, худи кишварҳои ғарбӣ вазъро то ҳамин ҳад расониданд.
Ба гуфтаи вазири рус, НАТО ваъда дода буд, ки зерсохтори низомиро ба Шарқ намерасонад, аммо онҳо ваъдаҳояшонро "дағалона ба сатили партоб" андохтанд ва ин созмон ба марзҳои Русия наздик шуд.
Қаблан намояндагони Ҳизби демократии Амрико дар Сенат лоиҳаи Қонуни чораҳои зидди Русияро пешниҳод карда буданд. Сенаторҳо мехоҳанд дар сурати "шиддати гирифтани авзоъ дар атрофи Украина" алайҳи бахшҳои муҳими иқтисоди Русия, аз ҷумла қарзи давлатӣ ва мансабдорони аршади давлатӣ таҳримҳо ҷорӣ кунанд.
Илова бар ин бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз хисороти иқтисодӣ аз таҳримҳои эҳтимолии нави Вашингтон бар зидди Маскав изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, коршиносон борҳо таъкид кардаанд, ки таҳримҳои Амрико ба Русия чандон зиён намерасонанд, баръакс ин кишвар дар гузашта аз ин амал фоида ба даст овард: тавлиди бисёре аз молҳоро роҳандозӣ кард ва вобастагияш аз Ғарбро коҳиш дод.
Путин ин изҳоротро ҳушдори беасос номида, пайдо шудани силоҳҳои НАТО дар қаламрави кишвари ҳамсоя ва дигар таҳдидҳо ба амнияти Русияро хатти сурх донист.