https://sputnik.tj/20220115/lukashenko-spad-qazoqiston-putin-1044838553.html
Лукашенко гуфт, амалиёти СПАД дар Қазоқистонро ӯву Путин дар як соат тарроҳӣ карданд
Лукашенко гуфт, амалиёти СПАД дар Қазоқистонро ӯву Путин дар як соат тарроҳӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко мегӯяд, амалиёти СПАД дар Қазоқистонро сарони Русия ва Беларус тарроҳӣ кардаанд 15.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-15T16:00+0500
2022-01-15T16:00+0500
2022-01-17T12:19+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
қазоқистон
спад
белорус
александр лукашенко
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042298767_0:114:2897:1744_1920x0_80_0_0_c32b83c68e3fbfc181a4fe508cf32038.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, тамоми ҷузъиёти амалиёти посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон аз ҷониби ӯ ва президенти Русия Владимир Путин таҳия шудааст.Лукашенко рӯзи шанбе дар мулоқот бо нерӯҳои посдори сулҳи Беларус, ки рисолати худро дар Қазоқистон ба анҷом расонданд, гуфт: "Ман бидуни лоф намегӯя, тамоми ин амалиёт то ҷузъиёт аз ҷониби ду президент - Русия ва Беларус - дар тӯли як соат таҳия шудааст". Дар ин бора сомонаи расмии президенти Беларус иқтибос овардааст.Вай қайд кард, ки нақшаи мазкур баён шуда, вазоратҳои дифои ду кишвар онро дар ситодҳои генералӣ шарҳ доданд ва "баъди чанд соат аввалин ҳавопаймоҳо ба Қазоқистон парвоз карданд"."Ҳама чиз зуд ва қатъӣ, бидуни дудилагӣ анҷом шуд", - таъкид кард Лукашенко.Ӯ гуфт, амалиёти посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон омодагии артиши ин кишварҳоро барои дифоъ аз соҳибихтиёрии муштарак нишон дод.Ба таъкиди ӯ, иштирок дар амалиёти посдории сулҳ омодагии артиши кишварҳои узви СПАД ба амалҳои муштарак дар ҷиҳати таъмини соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли кишварҳои онҳоро ҳамчун шарти асосии амнияти миллӣ ба таври возеҳ ба намоиш гузошт.Раҳабри Беларус гуфт, "бигзор, ҳеҷ кас ҳатто шубҳа накунад, ки давлатҳои мо барои ҳифзи амнияти минтақа, осмони осоиштаи болои сарашон ҳама корҳоро анҷом медиҳанд".
https://sputnik.tj/20220111/neruho-saad-qazoqiston-1044717105.html
қазоқистон
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042298767_31:0:2760:2047_1920x0_80_0_0_ebacdeb6fcba47cf3afb3ac4efa72639.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , амният ва мудофиа, қазоқистон, спад, белорус, александр лукашенко, артиш
сиёсат , амният ва мудофиа, қазоқистон, спад, белорус, александр лукашенко, артиш
Лукашенко гуфт, амалиёти СПАД дар Қазоқистонро ӯву Путин дар як соат тарроҳӣ карданд
16:00 15.01.2022 (Навсозишуда: 12:19 17.01.2022) Лукашенко мегӯяд, амалиёти СПАД дар Қазоқистонро сарони Русия ва Беларус тарроҳӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, тамоми ҷузъиёти амалиёти посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон аз ҷониби ӯ ва президенти Русия Владимир Путин таҳия шудааст.
Лукашенко рӯзи шанбе дар мулоқот бо нерӯҳои посдори сулҳи Беларус, ки рисолати худро дар Қазоқистон ба анҷом расонданд, гуфт: "Ман бидуни лоф намегӯя, тамоми ин амалиёт то ҷузъиёт аз ҷониби ду президент - Русия ва Беларус - дар тӯли як соат таҳия шудааст".
Дар ин бора сомонаи расмии президенти Беларус иқтибос овардааст.
Вай қайд кард, ки нақшаи мазкур баён шуда, вазоратҳои дифои ду кишвар онро дар ситодҳои генералӣ шарҳ доданд ва "баъди чанд соат аввалин ҳавопаймоҳо ба Қазоқистон парвоз карданд".
"Ҳама чиз зуд ва қатъӣ, бидуни дудилагӣ анҷом шуд", - таъкид кард Лукашенко.
Ӯ гуфт, амалиёти посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон омодагии артиши ин кишварҳоро барои дифоъ аз соҳибихтиёрии муштарак нишон дод.
"Имрӯз мо метавонем бо итминон изҳор кунем, ки нерӯҳои посдори сулҳи созмон қодиранд, ҳама гуна вазифаҳои дар назди худ гузошташударо зуд ва самаранок иҷро кунад", - гуфт Лукашенко.
Ба таъкиди ӯ, иштирок дар амалиёти посдории сулҳ омодагии артиши кишварҳои узви СПАД ба амалҳои муштарак дар ҷиҳати таъмини соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли кишварҳои онҳоро ҳамчун шарти асосии амнияти миллӣ ба таври возеҳ ба намоиш гузошт.
Раҳабри Беларус гуфт, "бигзор, ҳеҷ кас ҳатто шубҳа накунад, ки давлатҳои мо барои ҳифзи амнияти минтақа, осмони осоиштаи болои сарашон ҳама корҳоро анҷом медиҳанд".