Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Аз мотам дар оилаи президент то муллою табибон: ғам дар соли 2021 дари киро кӯфт?

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Соли 2021 барои аҳли фарҳанги Тоҷикистон соли пурталафот буд. Беҳтаринҳои ин соҳа бо ҳар баҳонае дунёи фониро падруд гуфтанд
ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik. Расо ду сол мешавад, ки бемории коронавирус дар ҷаҳон башариятро дар ҳолати ногувор қарор додааст.

Моҳи сархӯр: ҳунармандоне, ки қурбони коронавирус шуданд

Дар Тоҷикистон ҳарчанд вазъияти коронавирус,тибқи додаҳои мақомот, назар ба дигар кишварҳо беҳтар аст, аммо ин вабо имсол ҳам беҳтаринҳоро "гулчин" кард.
Ба фарқ аз дигар соҳаҳо бахши фарҳангу зиё бештар талафот дид. Бахусус марги ҳаҷвнигори машҳур, коргардон ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов барои тоҷикистониён талафоти ҷуброннопазир буд.
Раҷабов рӯзи якуми июл дар синни 80-солагӣ аз дунё гузашт ва иллати марги ӯро бемории коронавирус гуфтанд.
Убйдулло Раҷабов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Убайдулло Раҷабов даргузашт
Марҳум як замон раиси Кумитаи телевизион ва радио буд. Илова бар ин бо тавсия ва роҳбарии ӯ даҳҳо ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ дар сатҳи ҳукумат баргузор мешуданд.
Ҳунарманди дигаре, ки бо лаҳну садои ҷаззобаш миёни мардум ва ҳаводорони театр шуҳрат дошт, Шералӣ Абдулқайсов буд, ки ӯ низ қурбони бемории коронавирус шуд.
Ин ҳунарманди маъруф бо гузашти ҳамагӣ 11 рӯз пас аз фавти Убайдулло Раҷабов дар бемористони Қарияи Боло даргузашт. Ӯ пас аз гирифторӣ ба бемории коронавирус ва бад шудани вазъи сиҳатияш чанд рӯз дар шӯъбаи эҳёгарии ин дармонгоҳ қарор дошт, вале кӯшиши табибон бенатиҷа анҷом ёфт ва ҳунарманд дар синни 70-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Ҷанозаи ӯ бо шеваи хоси исмоилиёни бархе аз манотиқи ВМКБ дар зодбуми ӯ, деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон баргузор гардид.
Шерали Абдулкайсов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Ҷанозаи “хос”-и Шералӣ Абдулқайсов: видоъ зери нолаи дафу рубоб ва рақс – видео
Талафоти дигари бузург дар соҳаи фарҳанг ин даргузашти Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон буд. Ҳунарманд пас аз гирифторӣ ба вирус чанд муддат дар хона табобат гирифт ва билохира бо бад шудани вазъи саломатияш ӯро ба шифохонаи “Якум Советский” бурданд. Ӯ 10 июл дар синни 61-солагӣ даргузашт.
Фавти ин се нафар дар моҳи июл сурат гирифт. Аммо ин моҳи “бехосият” бо фавти се шахси саршиноси Тоҷикистон иктифо накарда, коргардони шинохта Сафарбек Солеҳро низ аз миёни мо бурд.
Иллати марги коргардони 62-сола ҳам бемории коронавирус буд. Ӯ муддате дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт ва вазъаш якбора бадтар шуда, аз гапзанӣ ҳам монда буд. Ахиран, 19 июл Сафарбек Солеҳ ҷонашро ба Ҷонофарин таслим кард. Коргардони марҳум муаллифи 25 филми мустанад аст.
Аз бемории коронавирус ҳамчунин вакили парлумон ва раиси пешини Кумитаи занон Идигул Қосимзода низ даргузашт.
Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус: даргузашти Идигул Қосимзода, вакили Парлумон ва собиқ раиси занон
Қосимзода давоми ду ҳафта дар шифохонаи “Якум Советский” қарор дошт ва рӯзи 22 июл аз мубориза бурдан бо ин вабо "хаста" шуду дунёро падрӯд гуфт. Ҳарчанд расман даргузашти хонум Идигул аз бемории коронавирус тасдиқ нашуд, вале наздикону шиносонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъйид намуданд, ки иллати фавти ӯ маҳз ҳамин вирус буд.
Ба фарқ аз соли гузашти фавти табибон аз коронавирус камтар сурат гирифт. Аммо табибе, ки номи ӯ қариб барои ҳамаи тоҷикистониён шинос аст, қурбони ин дард шуд.
Фарида Мансурова, пизишки номии тоҷик ва фарзанди академик Ҳамид Мансуров бар асари сироят ёфтан аз коронавирус ҷон бохт.
Марги ин пизишки номӣ ҳам моҳи июл сурат гирифт.

Мотам дар хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон

Коронавирус хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ мотамзада кард. Рӯзи 20 июл хоҳари президент Қурбонбӣ Раҳмонова даргузашт. Ӯ 64 сол дошт ва тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, Қурбонбӣ ҳам қурбони коронавирус шуд.
Ҳамсари Қурбонбӣ Раҳмонова Холмуъмин Сафаров, раиси собиқи корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" соли 2012 қатл шуда буд.
Ӯро афроди номаълум дар маҳаллаи "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе бо чанд зарби тир ба ҳалокат расонданд.
Ҳукумати вилояти Хатлон дар таъзияи худ ба роҳбари давлат Қурбонбӣ Раҳмоноваро як намоди меҳру муҳаббат, иффату ҳунар, модари ғамхору иззатманд арзёбӣ карда, реҳлаташ басо таконбахшу ғамангез қабул кард
"Ӯ бо ҳамагон ҳамдаму дилсӯз ва ба ҷавонон меҳрубону роҳнамо буд, бо тамкину бурдборӣ, сухани нек, таҳаммулпазирӣ ва рафтори неку писандидааш намунаи ибрат буд”, - изҳор доштаст ҳукумати вилояти Хатлон.
Мақомоти вилоят афзуданд, ки ҳамагон ин модарро ҳамчун шахси комилан беозор, нармгуфтор, инсондӯст, самимӣ ба ёд хоҳанд дошт.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Мотам дар хонаводаи президент: хоҳари Эмомалӣ Раҳмон даргузашт
Қабл аз даргузашти хоҳари Эмомалӣ Раҳмон модарарӯсаш низ бандагӣ кард ва иллати марги Узбекбӣ Асадуллоева, модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари президент ва модари Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” низ коронавирус гуфта шуд.
Марҳум бо аломатҳои “вируси корона” дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтология бистарӣ буд ва 5 июл даргузашт.

Аз Ҳабибулло Абдураззоқов то Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Ҳамин тариқ соли 2021 ҳунармандони машҳурро аз миёнии мо бурд, ки марги бархе аз онҳо нобаҳангом буд. Тоҷикистон фарҳангиёне чун Ҳабибулло Абдуразоқов – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва ҳамсари нахустини ӯ Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо ва модари коргардони машҳур Барзу Абдуразоқовро аз даст дод.
Ҳамчунин Раҳмондӯсти Қурбониён - Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Қиёмиддин Чақалов – ҳунарманди театру синамо ва Ҳунарпешаи мардумӣ ва Назирмад Мусоев, коргардони машҳури тоҷик фавтиданд.
Иллати марги Қурбониён саратони рӯда гуфта шуд. Марҳум Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ буд ва бисёртар дар филмҳои мазҳакавӣ нақш меофарид.
Қиёмиддин Чақалов низ муддати зиёд аз дарди рӯда азият мекашид, вале аксари дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ин ҳунарманди номдор аз сактаи дил фавтидааст. То солрӯзи ӯ ҳамагӣ чанд рӯзи дигар боқӣ монда буд. Агар умр вафо мекард, Чалақалов ҳоло 76-сола мешуд.
Марг ба суроғи Назирмад Мусоев замоне расид, ки ӯ дар студияи дубляж машғул ба кор буд.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
“Ҳамин шаб анҷом медиҳем”: охирин лаҳзаҳои ҳаёт ва марги Мӯсоев дар ҷои кор - акс
Рӯзноманигор Лутфуллои Азиз мегӯяд, Мӯсоев 15 май, тақрибан то соати 22:10 дар студияи дубляж ҳамроҳи коргардони саршинос ва роҳбари "Хатлонсинамо" Зафари Валӣ дар филми тозатаҳияи бачаҳои хатлонӣ овоз медод.
"Назирмад Мусоев охирин ҳарфи нақши офаридаашро овоз медиҳаду аз ҳуҷраи садодиҳӣ берун мешавад. Чанд нафасе дар курсӣ менишинад ва аз Зафари Валӣ хоҳиш мекунад, ки барояш даво биёрад", - нақл кард Лутфуллои Азиз дар саҳифаи фейсбукияш.
Ба гуфтаи ӯ, Зафари Валӣ аз дорухона дору меорад, вале аҳволи коргардон якбора бад шуда, ҷон ба Ҷонофарин месупорад.
Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, рӯҳонии шинохтаи кишвар ҳам соли ҷорӣ даргузашт. Марҳум дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон, дар синни 80-солагӣ аз бемории тӯлонӣ фавтид. Ӯ яке аз пурпайравтарин рӯҳониёни суннимазҳаби тоҷик буд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд бор ҳангоми сафараш ба Рашт ба хабаргириаш рафта буд.
Ба эътирофи чеҳраҳои маъруфи динӣ, Домулло Ҳикматуллоҳ яке аз панҷ рӯҳоние буд, ки аз Эшони Абдураҳмонҷони Файзободӣ рӯҳонии пурнуфузи тоҷик дар замони Шӯравӣ "хатти иршод" дарёфта буд ва дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба унвони пири тариқати Нақшбандия шинохта мешуд.
"Баъди ифтор, дар рӯзи аввали Рамазон": домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ даргузашт
Иқбол Тешаев, ки фаъолтарин сухангӯи мақомоти маҳаллӣ буд, моҳи апрели соли равон бар асари маризӣ даргузашт. Хабари марги ӯ ҳамкасбонашро андуҳгин кард. Тешаев ҳамагӣ 51 сол дошт ва номаш дар матбуоти даврӣ ҳамарӯза дар робита ба шарҳи ин ё он қазия, махсусан дар масоили марзӣ зикр мешуд.
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, адиби 78-солаи тоҷик низ моҳи октябри соли равон ин ҷаҳонро падруд гуфт. Аҳли адаб ӯро пайвандгари тоҷикони Ӯзбекистону Тоҷикистон мегуфтанд.
Лентаи хабарҳо
0