https://sputnik.tj/20220115/sherali-kabir-koni-tojikiston-moddai-khom-istikhroj-1044831336.html
Шералӣ Кабир: Аз 100 кони Тоҷикистон 50 моддаи хом истихроҷ мешавад
Шералӣ Кабир: Аз 100 кони Тоҷикистон 50 моддаи хом истихроҷ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ изҳор доштааст, ки ҷумҳурӣ захираи бойи сарватҳои зеризаминӣ дорад
2022-01-15T09:40+0500
2022-01-15T09:40+0500
2022-01-15T09:40+0500
дар тоҷикистон
саноат
кон
шералӣ кабир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044831104_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_4833a259f1c3a64d94c8244553dfe23f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав дар нишасте, ки Арабистони Саудӣ барои роҳандозии ҳамкории дарозмуддат бо иштироки намояндагони саноати истихроҷи ҷаҳон, ҳукуматҳои минтақаӣ, сармоягузорон ва дигар нафарони калидӣ дар сиғаи видеоконфронс баргузор кард, гуфт, дар Тоҷикистон аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.Вай афзуд, аз ин конҳо зиёда аз 50 намуди моддаи хоми минералӣ истихроҷ мешавад.Ҳамчунин Шералӣ Кабир афзуд, саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад.“Он ҳанӯз аз давраи шӯравӣ, аз замоне ки омӯзиши муназзами сарватҳои дар дохили Тоҷикистон мавҷуда ва азхудкунии саноатии он ба роҳ монда шуда буд, заминагузорӣ гардида буд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи конҳои кашфшуда дар ҷумҳурӣ саноати маъдани кӯҳӣ, кимиёӣ, коркарди санг, сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуданд”, - гуфт вазири саноати кишвар.Инчунин Шералӣ Кабир дар ин ҷаласа изҳор намуд, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо барои тавсеа ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд омодааст.Ёдовар мешавем, ки нишасти "Future Minerals" ахаиран дар Маркази конфронсҳои байналмилалӣ ба номи шоҳ Абдул Азиз дар Риёз ҷараён гирифт.Нишасти сатҳи олӣ нахустин ташаббуси Ҳукумати Арабистони Саудӣ ба шумор рафта, беш аз 2000 ширкаткунандаро аз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратии зиёда аз 95 кишвари ҷаҳон ҷамъ овардааст. Намояндагон аз тамоми ҷаҳон ғояҳои беҳамтои худро оид ба ҷалби сармоя ва рушди соҳа муаррифӣ намуданд. Дар нишасти мазкур вазирони саноати 31 кишвар иштирок доштанд.
https://sputnik.tj/20211202/sherali-kabir-fursat-qudratgiri-tojikiston-nav-rasid-1043905402.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044831104_105:0:1242:853_1920x0_80_0_0_53648ad088c5bb359eb7c9ce3ecc5b70.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, шералӣ кабир, кон, истихроҷ, модда, хом
тоҷикистон, саноат, шералӣ кабир, кон, истихроҷ, модда, хом
Шералӣ Кабир: Аз 100 кони Тоҷикистон 50 моддаи хом истихроҷ мешавад
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ изҳор доштааст, ки ҷумҳурӣ захираҳои зиёди зеризаминӣ дорад
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав дар нишасте, ки Арабистони Саудӣ барои роҳандозии ҳамкории дарозмуддат бо иштироки намояндагони саноати истихроҷи ҷаҳон, ҳукуматҳои минтақаӣ, сармоягузорон ва дигар нафарони калидӣ дар сиғаи видеоконфронс баргузор кард, гуфт, дар Тоҷикистон аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Вай афзуд, аз ин конҳо зиёда аз 50 намуди моддаи хоми минералӣ истихроҷ мешавад.
Ҳамчунин Шералӣ Кабир афзуд, саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад.
“Он ҳанӯз аз давраи шӯравӣ, аз замоне ки омӯзиши муназзами сарватҳои дар дохили Тоҷикистон мавҷуда ва азхудкунии саноатии он ба роҳ монда шуда буд, заминагузорӣ гардида буд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи конҳои кашфшуда дар ҷумҳурӣ саноати маъдани кӯҳӣ, кимиёӣ, коркарди санг, сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуданд”, - гуфт вазири саноати кишвар.
Инчунин Шералӣ Кабир дар ин ҷаласа изҳор намуд, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо барои тавсеа ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд омодааст.
Ёдовар мешавем, ки нишасти "Future Minerals" ахаиран дар Маркази конфронсҳои байналмилалӣ ба номи шоҳ Абдул Азиз дар Риёз ҷараён гирифт.
Нишасти сатҳи олӣ нахустин ташаббуси Ҳукумати Арабистони Саудӣ ба шумор рафта, беш аз 2000 ширкаткунандаро аз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратии зиёда аз 95 кишвари ҷаҳон ҷамъ овардааст. Намояндагон аз тамоми ҷаҳон ғояҳои беҳамтои худро оид ба ҷалби сармоя ва рушди соҳа муаррифӣ намуданд. Дар нишасти мазкур вазирони саноати 31 кишвар иштирок доштанд.