https://sputnik.tj/20211202/sherali-kabir-fursat-qudratgiri-tojikiston-nav-rasid-1043905402.html
Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид
Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон акнун бой мешавад ва зиндагии халқ ба маротиб беҳтар меградад
2021-12-02T20:54+0500
2021-12-02T20:54+0500
2021-12-03T16:07+0500
дар тоҷикистон
маскав
авруосиё
энержӣ
шералӣ кабир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/02/1043905792_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_06e19a98cd023c31902e73092a46c3cf.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, фурсат барои тавлиди энержии сабзи Тоҷикистон нав фаро расид ва ин имкони хубест барои пешрафт дар арсаи ҷаҳонӣ.Ин андешаро вазир дар чорчӯби Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон изҳор кард.Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, чаҳор фоизи қудрати тавлиди энержии сабзи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷойгир аст, вале кишвар танҳо панҷ фисади онро истифода мекунад.Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, 98 фоизи тавлиди нерӯи барқи Тоҷикистон тоза аст ва маҳсулоте, ки бо энержии сабз истеҳсол мешавад, дурии кишвар аз бозори ҷаҳониро ҷуброн мекунад.Вазир ба масъалаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дахл карда гуфт, зимни пурра ба истифода додани он на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа низ аз он фоида мебинанд.Даъвати Новак аз Тоҷикистон барои бозгашт ба низоми ягонаи энержии ОМ"Роғун на танҳо кишварҳои минтақаро бо об таъмин мекунад, балки заминҳои навро обёрӣ менамояд. Ва аз ҳисоби ин заминҳо бозори Русия соҳиби маҳсулот мегардад", - бовар дорад вазир.
https://sputnik.tj/20211202/kabir-tojikiston-loiha-casa-1000-idoma-1043904265.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/02/1043905792_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_5485fb203a3d91d3a497b06b22b870bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шералӣ кабир, тоҷикистон
Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид
20:54 02.12.2021 (Навсозишуда: 16:07 03.12.2021) Вазири тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон акнун метавонад бо тавлиди энержии сабз дар ҷаҳон пешрафт кунад
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, фурсат барои тавлиди энержии сабзи Тоҷикистон нав фаро расид ва ин имкони хубест барои пешрафт дар арсаи ҷаҳонӣ.
Ин андешаро вазир дар чорчӯби Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон изҳор кард.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, чаҳор фоизи қудрати тавлиди энержии сабзи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷойгир аст, вале кишвар танҳо панҷ фисади онро истифода мекунад.
"Имрӯз равандҳое, ки дар дунё ҷараён дорад, ба он оварда мерасонанд, ки соҳаи энержии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок бошад. Тамоми қудрати давлати мо дар ҳамин аст ва он метавонад маблағ биёрад", - гуфт вазир дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, 98 фоизи тавлиди нерӯи барқи Тоҷикистон тоза аст ва маҳсулоте, ки бо энержии сабз истеҳсол мешавад, дурии кишвар аз бозори ҷаҳониро ҷуброн мекунад.
Вазир ба масъалаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дахл карда гуфт, зимни пурра ба истифода додани он на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа низ аз он фоида мебинанд.
"Роғун на танҳо кишварҳои минтақаро бо об таъмин мекунад, балки заминҳои навро обёрӣ менамояд. Ва аз ҳисоби ин заминҳо бозори Русия соҳиби маҳсулот мегардад", - бовар дорад вазир.