https://sputnik.tj/20220114/tojikiston-uzbekiston-avtobus-1044805626.html
Тоҷикистону Ӯзбекистон равобити заминияшонро пурра барқарор мекунанд
Тоҷикистону Ӯзбекистон равобити заминияшонро пурра барқарор мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қасд доранд, ҳаракати автобус ва мошинҳо дар миёни ин ду кишвар пурра барқарор шавад 14.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-14T13:35+0500
2022-01-14T13:35+0500
2022-01-14T16:03+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/35/1029263530_263:263:3070:1842_1920x0_80_0_0_d2c77effc6f1702db4aef65ce29884e6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро баргузор карданд. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон, ин мулоқот рӯзи 12-уми январ дар Тошканд баргузор шудааст. Гуфта мешавад, ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ кардаанд. Ҳайатҳои ду тараф рафти иҷрои созишномаҳои имзошуда дар ин соҳаро баррасӣ кардаанд. Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон таъкид кард, ки мавзуи аз нав барқарор кардани хатсайри автобусҳо миёни ду кишвар, ки бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, низ баррасӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 1992 ба далели ҷанги дохилӣ дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шуда буд. Пас аз танаффуси 26-солаи ҳаракати автобусҳо дар миёни ин ду кишвар, 15 майи соли 2018 он аз сар гирифта шуд. Аммо аз 16 марти соли 2020 бо сабаби пандемияи корона равобити заминии миёни Тошанду Душанбе қатъ шуд. Аз 1 сентябри соли ҷорӣ маҳдудиятҳо тадриҷан бардошта мешаванд. Аз 18 октябр байни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ аз сар гирифта шуд.
https://sputnik.tj/20211019/oghoz-harakat-avtobus-masir-khujand-toshkand-1042970147.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/35/1029263530_339:0:3070:2048_1920x0_80_0_0_4b27596455477a823f2a0344d20bd077.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ӯзбекистон ҳаракат автобус
тоҷикистон ӯзбекистон ҳаракат автобус
Тоҷикистону Ӯзбекистон равобити заминияшонро пурра барқарор мекунанд
13:35 14.01.2022 (Навсозишуда: 16:03 14.01.2022) Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қасд доранд, ҳаракати автобус ва мошинҳо дар миёни ин ду кишвар пурра барқарор шавад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро баргузор карданд.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон, ин мулоқот рӯзи 12-уми январ дар Тошканд баргузор шудааст.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ кардаанд.
Ҳайатҳои ду тараф рафти иҷрои созишномаҳои имзошуда дар ин соҳаро баррасӣ кардаанд.
Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон таъкид кард, ки мавзуи аз нав барқарор кардани хатсайри автобусҳо миёни ду кишвар, ки бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, низ баррасӣ шудааст.
"Дурнамои рушди долони нақлиётии Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Чин низ баррасӣ шуд",- омадааст дар иттилоия.
Ёдовар мешавем, ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 1992 ба далели ҷанги дохилӣ дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шуда буд. Пас аз танаффуси 26-солаи ҳаракати автобусҳо дар миёни ин ду кишвар, 15 майи соли 2018 он аз сар гирифта шуд.
Аммо аз 16 марти соли 2020 бо сабаби пандемияи корона равобити заминии миёни Тошанду Душанбе қатъ шуд. Аз 1 сентябри соли ҷорӣ маҳдудиятҳо тадриҷан бардошта мешаванд.
Аз 18 октябр байни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ аз сар гирифта шуд.