https://sputnik.tj/20211019/oghoz-harakat-avtobus-masir-khujand-toshkand-1042970147.html
Оғози ҳаракати автобусҳо дар масири Хуҷанд - Тошканд: арзиш ва макони чиптахарӣ
Оғози ҳаракати автобусҳо дар масири Хуҷанд - Тошканд: арзиш ва макони чиптахарӣ
Sputnik Тоҷикистон
Аз ширкати Asian Express дар бораи кай ва чӣ тавр харидани чиптаи автобус аз Тоҷикистон ба Узбакистон ва бозгашт гуфтанд
2021-10-19T15:56+0500
2021-10-19T15:56+0500
2021-10-19T17:13+0500
дар тоҷикистон
тошканд
нақлиёт
хуҷанд
ӯзбекистон
ҳаракати автобусҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042968972_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_85a36a9f3c1fb35ce1d65cadbbda496a.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Баъди таваққуфи қариб дусола ҳаракати автобусҳо дар масири Хуҷанд – Тошканд барқарор шуд.Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, нахустин гурӯҳи 50-нафарии мусофирон аз тариқи автобус аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти Ӯзбекистон рафт. Гуфта мешавад, ки интиқоли мусофирон аз Хуҷанд ба Тошкандро ширкати тоҷикистонии "Asian Express" анҷом медиҳад.Макони таҷаммуи мусофирон барои сафар ба Тошканд аз тариқи автобус маҳаллаи 16-уми шаҳри Хуҷанд гуфта мешавад. Нуқтаи ниҳоии хатсайри автобус истгоҳи ба номи Собир Раҳимов дар Тошканд хоҳад буд. Вақти сафар 4-4,5 соат аст.Дар шароити мушкили убур аз гузаргоҳҳо аксари мусофирон фаъол шудани чунин хатсайри миёни Хуҷанд ва Тошкандро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Анвар, як сокини шаҳри Хуҷанд ва яке аз мусофирон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, азсаргирии ҳаракати автобусҳои роҳи Хуҷанд – Тошканд – Хуҷанд мушкили сокинонро то андозае осон хоҳад намуд. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳамроҳи ҳамсараш нахуст барои гусели писараш ба Русия ба фурудгоҳи Тошканд, баъдан аз ҳамин роҳ ба аёдати пайвандони ӯзбекистониашон мераванд. Икром Зокиров, мудири бахши ширкати "Asian Express" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар робита ба реҷаи ҳаракати автобусҳои масири Хуҷанд – Тошканд – Хуҷанд гуфт: “Ҳоло ҳар рӯз як маротиба, соати 8:00 аз Хуҷанд ба мақсади Тошканд автобус ба роҳ мебарояд ва соати 18:00 аз Тошканд ба сатми Хуҷанд ҳаракат мекунад”, - гуфт Зокиров. Арзиши чиптаи автобус дар ин масир 100 сомонӣ аст. Зикров гуфт, барои сафар ба Ӯзбекистон доштани шиносномаи хориҷӣ ва сертификати ваксинаи зидди коронавирус ҳатмӣ аст. Аз онҳое, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, дар гузаргоҳи Ӯзбекистон барои тести коронавирус 120 ҳазор сӯми ӯзбекӣ, муодили 140 сомонӣ гирифта мешавад. Дар оғози соли 2020 бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 ҳаракати автобусҳо миёни Хуҷанд ва Тошканд қатъ гардида буд.
https://sputnik.tj/20211008/tojikiston-uzbekiston-khatsayr-avtobus-1042714955.html
тошканд
хуҷанд
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042968972_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_a1316e4386beae40fc7d122a711417af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз ҳаракат автобус масир хуҷанд тошканд
оғоз ҳаракат автобус масир хуҷанд тошканд
Оғози ҳаракати автобусҳо дар масири Хуҷанд - Тошканд: арзиш ва макони чиптахарӣ
15:56 19.10.2021 (Навсозишуда: 17:13 19.10.2021) Аз ширкати "Asian Express" дар бораи кай ва чӣ тавр харидани чиптаи автобус аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва бозгашт ба кишвар иттилоъ доданд
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Баъди таваққуфи қариб дусола ҳаракати автобусҳо дар масири Хуҷанд – Тошканд барқарор шуд.
Бино ба гузориши хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон, нахустин гурӯҳи 50-нафарии мусофирон аз тариқи автобус аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти Ӯзбекистон рафт.
Гуфта мешавад, ки интиқоли мусофирон аз Хуҷанд ба Тошкандро ширкати тоҷикистонии "Asian Express" анҷом медиҳад.
Макони таҷаммуи мусофирон барои сафар ба Тошканд аз тариқи автобус маҳаллаи 16-уми шаҳри Хуҷанд гуфта мешавад. Нуқтаи ниҳоии хатсайри автобус истгоҳи ба номи Собир Раҳимов дар Тошканд хоҳад буд. Вақти сафар 4-4,5 соат аст.
Дар шароити мушкили убур аз гузаргоҳҳо аксари мусофирон фаъол шудани чунин хатсайри миёни Хуҷанд ва Тошкандро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Анвар, як сокини шаҳри Хуҷанд ва яке аз мусофирон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, азсаргирии ҳаракати автобусҳои роҳи Хуҷанд – Тошканд – Хуҷанд мушкили сокинонро то андозае осон хоҳад намуд.
“Бисёриҳо барои расидан ба Тошканд чанд бор таксӣ киро мекарданд. Аз Хуҷанд то шаҳраки Бӯстони Мастчоҳ, баъд то назди гузаргоҳи Фотеҳобод ва боз аз Ойбек то Тошканд. Бо автобус ҳоло мустақим ба Тошканд меравед ва ҳамчунин интиқол бор аз ин роҳ низ осонтар аст” , - гуфт мусофир.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳамроҳи ҳамсараш нахуст барои гусели писараш ба Русия ба фурудгоҳи Тошканд, баъдан аз ҳамин роҳ ба аёдати пайвандони ӯзбекистониашон мераванд.
Икром Зокиров, мудири бахши ширкати "Asian Express" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар робита ба реҷаи ҳаракати автобусҳои масири Хуҷанд – Тошканд – Хуҷанд гуфт:
“Ҳоло ҳар рӯз як маротиба, соати 8:00 аз Хуҷанд ба мақсади Тошканд автобус ба роҳ мебарояд ва соати 18:00 аз Тошканд ба сатми Хуҷанд ҳаракат мекунад”, - гуфт Зокиров.
Арзиши чиптаи автобус дар ин масир 100 сомонӣ аст.
Зикров гуфт, барои сафар ба Ӯзбекистон доштани шиносномаи хориҷӣ ва сертификати ваксинаи зидди коронавирус ҳатмӣ аст.
Аз онҳое, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, дар гузаргоҳи Ӯзбекистон барои тести коронавирус 120 ҳазор сӯми ӯзбекӣ, муодили 140 сомонӣ гирифта мешавад.
Дар оғози соли 2020 бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 ҳаракати автобусҳо миёни Хуҷанд ва Тошканд қатъ гардида буд.