ВКХ Русия идеяи Раҳмон дар бораи камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро арзёбӣ кард

© AFP 2023 / ALEXANDER NEMENOVМИД России
МИД России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Обуна шудан
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Механизмҳои ҳифзи марзҳои ҷанубии СПАД таҳия мешаванд.
Дар ин бора Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия зимни шарҳи пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эҷоди камарбанди амниятӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъ дар Афғонистон хабар дод.
Президенти Тоҷикистон ин идеяро дар зимни ширкат дар нишасти онлайнии СПАД, ки 10 январ ба далели ташдиди вазъ дар Қазоқистон баргузор шуд, ироа кард.

"Бо пешниҳоди шарикони тоҷики мо механизмҳои таъмини ҳифзи боэътимоди марзҳои ҷанубии СПАД таҳия мешаванд", - гуфт Захарова зимни брифинги ҳафтаияш.

Ба гуфтаи вай, дар ин замина масъалаи баргузории тамринҳои муштарак бо нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки барои таҳкими қитъаҳои кӯҳистонии душворгузари марзи Тоҷикистону Афғонистон кишвар кумак дарёфт намояд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Ҳушдору гилаи Раҳмон дар ҳузури президентҳои СААД: ӯ аз ҷанги толибу 6 ҳазор ҷангҷӯ гуфт
Захарова гуфт, дар чаҳорчӯби фаъолияти СПАД кишварҳои узв ҳамкориҳои хадамоти вижа барои ошкор ва безараргардонии ячейкаҳои террористии ифротгароро, ки талош доранд, марзи Тоҷикистонро аз Афғонистон вайрон кунанд, тақвият хоҳанд дод.
Ин созмон омодааст, барои муқовимат бо таблиғоти терроризм иқдомотеро пиёда кунад.
Қаблан Семён Багдасаров, сиёсатшинос ва коршиноси масоили кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ таъкид карда буд, ки қитъаи аз ҳама камтар ҳифзшавандаи марзи Тоҷикистону Афғонистон қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Ба ақидаи ӯ, дар он ҷо як зерсохтори низомие бунёд кардан лозим аст, ки ба пешравии эҳтимолӣ, ки метавонад боиси фалокати геополитикӣ шавад, муқобила кунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Посухи толибон ба Раҳмон дар мавриди ҳузури террористҳо дар марз
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июни соли гузашта дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико хароб шуд. Дар миёнаҳои моҳи август толибон Кобулро ишғол карданду ҳукумати қаблиро суқут доданд ва дар пайи ин Ашраф Ғанӣ, президенти собиқ аз кишвар фирор кард.
Дар авоили моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии аввали толибон масъули сиёсати хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Ҳамакнун тайи шаш моҳ аст, ки Афғонистон зери идораи толибон қарор дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати ононро ба расмият нашинохтааст.
Лентаи хабарҳо
0