Посухи толибон ба Раҳмон дар мавриди ҳузури террористҳо дар марз

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Толибон мегӯянд, дар наздикии марзҳои ҷанубии кишварҳои СААД урдӯгоҳҳои террористӣ мавҷуд нестанд ва суханони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон беасосанд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Толибон суханони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мавҷуд будани урдӯгоҳҳои террористон дар марзҳои ҷанубии кишварҳои СААД-ро рад кард.
Муовини дуюми вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати толибон Билол Каримӣ дар сафҳаи "Твиттер"-аш навиштааст, ки иддаои Эмомалӣ Раҳмон асос надорад.
Раҳмон аз таъсири тундгароҳои исломӣ ба муҳоҷирон гуфт: "Ячейкаҳои хуфта"-е мавҷуданд
"Мо изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистонро дар бораи таъсиси як қатор урдӯгоҳҳо барои фаъолиятҳои тахрибкорона дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон қатъиян рад мекунем. Аморати Исломии Афғонистон ҳамаи кишварҳои ҳамсояро итминон медиҳад, ки марз амн аст ва ба ҳеҷ кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон хатаре таҳдид намекунад", - афзуд Каримӣ.
Каримӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бархе аз афроди манфиатҷӯ ба кишварҳои ҳамсоя маълумоти бардурӯғ мерасонанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нестанд.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 10 январ дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои амнияти СААД, ки ба шеваи видеоконфронс баргузор шуд, гуфт, ба қавли хадамоти кашфи Тоҷикистон, дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон, дар наздикии марзҳои ҷанубии СААД ҳудуди шаш ҳазор ҷангҷӯ ва беш аз 40 ячейкаи омӯзишии террористӣ ҷойгир аст.
Полное выступление президента Таджикистана Эмомали Рахмона на саммите ОДКБ по Казахстану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Суханронии пурраи Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СААД - видео
Роҳбари давлат таъкид кард, ки афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон ба минтақаи амнияти дастаҷамъии СААД таъсири мустақим дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати эҷоди як "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон ишора кард.
Лентаи хабарҳо
0