https://sputnik.tj/20220114/parvozhoi-miyoni-tojikiston-va-qazoqiston-barqaror-meshavad-1044820659.html
Парвозҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон барқарор мешавад
Парвозҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон барқарор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Нахустин парвози ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон пас аз чанд рӯз сурат мегирад
2022-01-14T16:50+0500
2022-01-14T16:50+0500
2022-01-14T19:32+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
барқарор кардан
бетартибӣ
парвозҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039787915_0:37:1200:712_1920x0_80_0_0_6c780d0854876e921a23b2f0545f91b6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" пас аз ошӯбҳо дар Қазоқистон парвозҳоро бо Алмаато аз сар мегирад. Дар ин бора аз ширкати "Сомон эйр" ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.Зимнан зикр гардид, ки парвозҳои ширкати "Сомон эйр" ба Алмаато ва бозгашт ба Душанбе ҳар ҳафта дар рӯзҳои чоршанбе сурат мегирад. Тибқи гузориши манбаъ, парвози навбатӣ ба Алмаато 19 январи соли 2022 дар назар аст. Парвози ширкати "Air Astana" ба Душанбе рӯзи 16 январ дар назар аст. Қобили зикр аст, ки аз 15 январ дар Қазоқистон қоидаҳои нави вуруд ҷорӣ мешавад. Ҳамин тариқ, тибқи фармони Комиссияи байниидоравии муқобила бо сирояти коронавирус дар Қазоқистон, ҳамаи мусофироне, ки аз хориҷи кишвар меоянд, бояд аз санҷиши ПСР гузаранд ва дар ҳоли манфӣ будани посухи ин озмоиш онҳо ҳаққи вуруд ба ин кишварро доранд. Шаҳодатномаҳо дар бораи гирифтор набудан ба коронавирус бояд аз ҷониби ҳамаи мусофирон, аз ҷумла онҳое, ки ваксина гирифтаанд, пешниҳод шаванд, танҳо кӯдакони то 5-сола истисно ҳастанд. Қайд мешавад, ки санҷиш 72 соат аз рӯзи гирифтани намуна эътибор дорад. Фурудгоҳи Алмаато аз 13 январ шуруъ ба кор мекунадҚаблан хабар дода шуд, ки парвозҳои ширкати "Сомон эйр" аз Душанбе ба Алмаато, бинобар муваққатӣ баста шудани фурудгоҳи Алмаато мутаваққиф шудаанд.
https://sputnik.tj/20220111/narkh-parvoz-rusiya-garon-1044712827.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039787915_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_eee0f373118d20aee4598f3aa7f5f3af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвозҳо, тоҷикистон, қазоқистон, барқарор,
парвозҳо, тоҷикистон, қазоқистон, барқарор,
Парвозҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон барқарор мешавад
16:50 14.01.2022 (Навсозишуда: 19:32 14.01.2022) Нахустин парвози ширкати "Сомон эйр" пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон, баъди панҷ рӯзи хотирмаи эътирозҳо сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" пас аз ошӯбҳо дар Қазоқистон парвозҳоро бо Алмаато аз сар мегирад.
Дар ин бора аз ширкати "Сомон эйр" ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
"Мо дар бораи азсаргирии кори фурудгоҳи Алмаато огоҳиномаи расмӣ гирифтем. Бар асоси ин огоҳӣ, дар масири Душанбе - Алмаато - Душанбе парвоз анҷом медиҳем", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии ширкати "Сомон эйр".
Зимнан зикр гардид, ки парвозҳои ширкати "Сомон эйр" ба Алмаато ва бозгашт ба Душанбе ҳар ҳафта дар рӯзҳои чоршанбе сурат мегирад.
Тибқи гузориши манбаъ, парвози навбатӣ ба Алмаато 19 январи соли 2022 дар назар аст.
Парвози ширкати "Air Astana" ба Душанбе рӯзи 16 январ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки аз 15 январ дар Қазоқистон қоидаҳои нави вуруд ҷорӣ мешавад. Ҳамин тариқ, тибқи фармони Комиссияи байниидоравии муқобила бо сирояти коронавирус дар Қазоқистон, ҳамаи мусофироне, ки аз хориҷи кишвар меоянд, бояд аз санҷиши ПСР гузаранд ва дар ҳоли манфӣ будани посухи ин озмоиш онҳо ҳаққи вуруд ба ин кишварро доранд.
Шаҳодатномаҳо дар бораи гирифтор набудан ба коронавирус бояд аз ҷониби ҳамаи мусофирон, аз ҷумла онҳое, ки ваксина гирифтаанд, пешниҳод шаванд, танҳо кӯдакони то 5-сола истисно ҳастанд.
Қайд мешавад, ки санҷиш 72 соат аз рӯзи гирифтани намуна эътибор дорад.
Қаблан хабар дода шуд, ки парвозҳои ширкати "Сомон эйр" аз Душанбе ба Алмаато, бинобар муваққатӣ баста шудани фурудгоҳи Алмаато мутаваққиф шудаанд.