Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Воҳима сар шуд? Телефони ёрии таъҷилӣ дар пайи пайдоиши "омикрон" дар Ӯзбекистон "таркид"

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкПередача 20-ти машин скорой помощи медучреждениям Свердловской области
Передача 20-ти машин скорой помощи медучреждениям Свердловской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Обуна шудан
Тайи чанд рӯзи охир муроҷиати ӯзбекистониҳо ба ёрии таъҷилӣ афзудааст
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Шумораи зангҳо ба хадамоти ёрии таъҷилӣ пас аз гузоришҳо дар бораи ворид шудани штамми омикрони коронавирус ба Ӯзбекистон афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора вазири тандурустии ин кишвар Беҳзод Мусоев хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо рӯзи 12-уми январ аз сокинони шаҳри Тошканд чаҳор ҳазору 888 муроҷиат ворид шудааст. Шаҳрвандон ба “103” занг зада, аз шамолхӯрӣ шикоят мекунанд ва нигаронанд, ки он метавонад коронавирус бошад.

"Ин дар афзоиши сарбории ҳаррӯзаи кормандони ёрии таъҷилӣ ва афзоиши муроҷиатҳо зоҳир мешавад", - гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.

Мусоев шахсан аз нуқтаи ёрии таъчилии Тошканд боздид карда, кори маркази муроҷиати (call-сентр)-ро мавриди омӯзиш қарор додааст.
Ба далели зиёд шудани теъдоди муроҷиатҳо вазири тандурустии ин кишвар дастур додааст, ки дар баробари ронандагон ба истгоҳ боз 40 мошини ёрии таъҷилӣ вобаста шуда, дар маркази тамос барои операторон 30 ҷойи кори иловагӣ таъсис шавад.
Аввалин мавриди гирифторӣ ба навъи омикрон дар Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта ошкор шуд.
Медицинский работник измеряет уровень кислорода в крови пациенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Вазъи COVID дар Ӯзбекистон бад шуд: 400 нафар сироят ёфту чор мариз фавтид
Гуфта мешавад, штамми нави коронавирусро як мусофири парвози Дубай – Тошканд ба Ӯзбекистон ворид кардааст.
Ҳама мусофироне, ки бо ӯ дар як ҳавопаймо буданд, дар карантинанд ва худи бемор дар беморхонаи бемориҳои сироятии Зангиота бистарӣ шудааст.
Мақомот аллакай барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус тадобири вижа меандешанд: аз 15 январ қоидаҳои нави вуруд ба Ӯзбекистон ҷорӣ мешавад, муассисаҳои тиббӣ аллакай ба ҳолати омодабош гузаштаанд, таътили мактабҳо тамдид шуда, дар кӯдакистонҳо баргузории чорабиниҳои оммавӣ мамнуъ шудааст.
Аммо то ҳол дар бораи ҷорӣ кардани карантини саросарӣ дар ин кишвар чизе гуфта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0