https://sputnik.tj/20220111/covid-uzbekiston-siroyat-favt-1044716110.html
Вазъи COVID дар Ӯзбекистон бад шуд: 400 нафар сироят ёфту чор мариз фавтид
Вазъи COVID дар Ӯзбекистон бад шуд: 400 нафар сироят ёфту чор мариз фавтид
Sputnik Тоҷикистон
Вазияъияти коронавирус дар Ӯзбекистон пас аз роҳ ёфтани штамии омикрон шадид шуд ва ҳоло теъдоди ҳолатҳои нави сироятёбӣ рӯ ба афзоиш ниҳодаааст
2022-01-11T15:40+0500
2022-01-11T15:40+0500
2022-01-11T18:57+0500
тандурустӣ
ӯзбекистон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043211565_0:145:3125:1903_1920x0_80_0_0_2701401a08ac4bc61250440a23fefe06.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон бар асари бемории коронавирус чор нафар ҷон бохт.Вазорати беҳдошти ин кишвар хабари даргузашти маризон аз COVID-ро таъйид намуда, афзуд, ки бо иловаи чор қурбонии дигар ҳоло теъдоди умумии ҷонбохтагон аз ин дард ба 1 501 нафар расид.Зимнан шабонарӯзи гузашта 425 ҳолати нави гирифторӣ ба ин дард дар ҷомеаи ин кишвар сабт гардид. Ин нишондод аз моҳи октябри соли гузашта баландтарин гуфта мешавад.Дар ҳамин ҳол Ӯзбекистон аз 15 январ қавонини вуруд ба қаламравашро тағйир дод. Ҳоло шаҳрвандони хориҷиро лозим аст, ки 48 соат қабл аз сафар ба Ӯзбекистон ташхис супоранд ва натиҷаи он манфӣ бошад.Дар сурати набудани ташхиси ПСР меҳмонон бояд дар фурудгоҳ ё вакзалу гузаргоҳҳо аз ташхиси экспресс -тест гузаранд.Ёдовар мешавем, ки қаблан санҷиши коронавирус бояд на барвақттар аз 72 соат гузаронида мешуд.Чунин тағйир дар бастагӣ ба сабт шудани штамми нави коронавирус - омикрон роҳандозӣ мешавад.Қаблан хабар дода мешуд, ки навъи ҷадиди коронавирус дар бадани як шаҳрванди хориҷие, ки аз Дубай ба қаламрави Ӯзбекистон омадааст, кашф шудааст.Ҳамаи мусофироне, ки ҳамроҳи ин бемор парвоз карда буданд, карантин шуданд: 130 нафар хонашину 70 тани дигар дар меҳмонхонаҳо ҷойгир карда шуданд.
https://sputnik.tj/20220111/uzbekiston-qoida-vurud-tojikistonro-1044707683.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043211565_198:0:2927:2047_1920x0_80_0_0_18b0e22f4e51753e40df3bf5df362e0b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон коронавирус
Вазъи COVID дар Ӯзбекистон бад шуд: 400 нафар сироят ёфту чор мариз фавтид
15:40 11.01.2022 (Навсозишуда: 18:57 11.01.2022) Вазъияти коронавирус дар Ӯзбекистон пас аз роҳ ёфтани штамии омикрон шадид шуд ва ҳоло ҳолатҳои нави сироят рӯ ба афзоиш аст
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон бар асари бемории коронавирус чор нафар ҷон бохт.
Вазорати беҳдошти ин кишвар хабари даргузашти маризон аз COVID-ро таъйид намуда, афзуд, ки бо иловаи чор қурбонии дигар ҳоло теъдоди умумии ҷонбохтагон аз ин дард ба 1 501 нафар расид.
Зимнан шабонарӯзи гузашта 425 ҳолати нави гирифторӣ ба ин дард дар ҷомеаи ин кишвар сабт гардид. Ин нишондод аз моҳи октябри соли гузашта баландтарин гуфта мешавад.
"Вазъият бадтар мешавад: дирӯз шумораи гирифторони коронавирус дар як шабонарӯз ба 425 нафар расид, дар Тошканд 223 бемори нав ба қайд гирифта шуд ва ҳамакнун шумораи умумии гирифторон аз оғози пандемия 201 155 нафарро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабари вазорат.
Дар ҳамин ҳол Ӯзбекистон аз 15 январ қавонини вуруд ба қаламравашро тағйир дод. Ҳоло шаҳрвандони хориҷиро лозим аст, ки 48 соат қабл аз сафар ба Ӯзбекистон ташхис супоранд ва натиҷаи он манфӣ бошад.
Дар сурати набудани ташхиси ПСР меҳмонон бояд дар фурудгоҳ ё вакзалу гузаргоҳҳо аз ташхиси экспресс -тест гузаранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан санҷиши коронавирус бояд на барвақттар аз 72 соат гузаронида мешуд.
Чунин тағйир дар бастагӣ ба сабт шудани штамми нави коронавирус - омикрон роҳандозӣ мешавад.
Қаблан хабар дода мешуд, ки навъи ҷадиди коронавирус дар бадани як шаҳрванди хориҷие, ки аз Дубай ба қаламрави Ӯзбекистон омадааст, кашф шудааст.
Ҳамаи мусофироне, ки ҳамроҳи ин бемор парвоз карда буданд, карантин шуданд: 130 нафар хонашину 70 тани дигар дар меҳмонхонаҳо ҷойгир карда шуданд.