Барканории сардори идораи андози ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Обуна шудан
Раиси собиқи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва сардори идораи андоз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз мақомаш барканор шуд
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Бино ба иттилои манобеъ аз Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд, фармони барканории Комил Салимзода (Бӯттаев) аз сӯйи Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз имзо шудааст.

“Фармон дар бораи барканории Комил Салимзода ҳудуди як ҳафта қабл содир шуда буд”, – гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Ин манбаъ дар бораи сабаби барканории сардори нозироти андози ноҳия изҳори бехабарӣ кард ва танҳо гуфт, ки “ин тасмими роҳбарият” аст.
Комил Салимзода (Бӯттаев) баъд аз як соли барканорӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар поёни моҳи майи соли 2021 ба ҷойи Азиз Аҳмадзода, сардори идораи нозироти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, калонтарин ноҳияи Суғд таъйин шуда буд ва он замон Аҳмадзода ба муовинати сардори идораи андози шаҳри Истаравшан истихдом шуд.
Салимзода аз январи соли 2016, тибқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъйин шуд ва то соли 2020 дар ин вазифа кор кард.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Бесарварӣ тӯл накашид: Имомиддин Мухторов мудири Литсейи Хуҷанд таъйин шуд
Аммо баҳси маҷбуран кӯч додани тоҷирони ноҳия аз бозори марказӣ ба бозори навбунёди “Ашроф”-и Ҷаббор Расулов, ки ба бародараш Акмал Бӯттаев тааллуқ дорад, номи ӯро дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор дод ва вай ба танқидҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда буд.
Дар замони роҳбарии ӯ ҳатто роҳи марказии ноҳия барои чанд муддат яксамта шуд, то сокинон барои рафтан ба бозори “Ашроф” одат кунанд.
Комил Салимзода (Бӯттаев) дар гузашта дар вазифаи нозири минтақаӣ, сардори шуъба, ҷонишини сардор ва сардори идораи нозироти андоз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият намудааст.
Ҳоло бо барканории ӯ аз раёсати нозироти андоз наздики ду ҳафта аст, ки идораи молиёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бидуни раис мебошад.
Лентаи хабарҳо
0