Бесарварӣ тӯл накашид: Имомиддин Мухторов мудири Литсейи Хуҷанд таъйин шуд

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Обуна шудан
Бо фармони Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Имомиддин Мухторов, директори муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии сохтмонӣ дар шаҳри Хуҷанд таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Манобеъ дар бораи ин таъйиноти кадрӣ аз Литсейи касбии техникии сохтмонии №31 дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.
Бино ба гуфтаи манбаи Sputnik Тоҷикистон, Мухторов аз рӯзи ҷумъаи 7 январ расман дар ин муассисаи давлатии таълимӣ ба фаъолият шуруъ намудааст.
Баъд аз даргузашти Ғанӣ Раупов, мудири қаблии ин муассисаи таълимии тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ курсии сарварии он ҳудуди панҷ моҳ ба ин тараф холӣ буд.
Ғанӣ Раупов, директори Литсейи техникии Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Дар хона табобат мегирифт: даргузашти Ғанӣ Раупов, директори Литсейи техникии Хуҷанд
Марҳум соли 2016 мудири Литсейи касбӣ техникии сохтмонии № 31 шаҳри Хуҷанд таъйин шуда, ҳудуди панҷ соли охир дар ин вазифа кор мекард.
Аммо рӯзи якуми августи соли гузашта ӯ дар синни 59-солагӣ бар асари бемории корона ин дунёро падруд гуфт. Аз он замон вазифаи директории ин муассиса холӣ буд.
Имомиддин Мухторов 4 апрели соли 1987 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Ӯ то ин замон ба унвони муовини сардори идораи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Мастчоҳ кор мекард.
Лентаи хабарҳо
0