https://sputnik.tj/20220113/vkd-rusiya-ikhroj-muhojiron-naqz-tartibot-jamiya-1044781503.html
ВКД Русия метавонад муҳоҷиронро барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ихроҷ кунад
ВКД Русия метавонад муҳоҷиронро барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ихроҷ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли нав мақомоти Русия ба ислоҳоти қонунгузории муҳоҷират бо мақсади таъмини амнияти ҷомеа шурӯъ намуданд
2022-01-13T15:25+0500
2022-01-13T15:25+0500
2022-01-13T18:11+0500
муҳоҷират
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042966289_0:66:3073:1794_1920x0_80_0_0_2347aa873b2994ecdccd322aa632b8ae.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Пас аз ин тағйирот дар пайи қонуншикании шадиди маъмурӣ коргарони муҳоҷир ихроҷ хоҳанд шуд. Дар ин бора сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Валентина Казакова хабар дод.Ба гуфтаи Казакова, ин навоварӣ бахше аз корҳои такмили механизмҳои назорати будубоши хориҷиён дар Русия аст. Вай ёдовар шуд, ки дар чаҳорчӯби ислоҳоти қонунгузории муҳоҷират ҷорӣ кардани санади ягона дар формати электронӣ дар назар аст, ки иттилооти хусусии нафари воридшуда дар он сабт мешавад.Қаблан гуфта мешуд, аз 1 январи соли 2022 қонуне эътибор пайдо хоҳад кард, ки ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави Федератсияи Русия иҷозат медиҳад. Ҳамчунин аз 29 декабри соли 2021 ба ин сӯ хориҷиёне, ки ба муддати беш аз 90 рӯз дар хоки Русия боқӣ мемонанд, мулзам ба супоридани изи ангушт ва аксбардорӣ ҳастанд.
https://sputnik.tj/20211222/patent-barobar-beshtar-sharh-muhojirat-rusiya-1044324201.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042966289_102:0:2833:2048_1920x0_80_0_0_3c56347299b26ce1860cea531734287f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия муҳоҷират
ВКД Русия метавонад муҳоҷиронро барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ихроҷ кунад
15:25 13.01.2022 (Навсозишуда: 18:11 13.01.2022) Дар соли нав мақомоти Русия ба ислоҳоти қонунгузории муҳоҷират бо мақсади таъмини амнияти ҷомеа шуруъ намуданд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Пас аз ин тағйирот дар пайи қонуншикании шадиди маъмурӣ коргарони муҳоҷир ихроҷ хоҳанд шуд. Дар ин бора сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Валентина Казакова хабар дод.
"Масъалаи ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия дар робита ба ҷорӣ кардани ҷавобгарӣ барои хориҷиён дар шакли ихроҷ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дағалона баррасӣ мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи Казакова, ин навоварӣ бахше аз корҳои такмили механизмҳои назорати будубоши хориҷиён дар Русия аст.
Вай ёдовар шуд, ки дар чаҳорчӯби ислоҳоти қонунгузории муҳоҷират ҷорӣ кардани санади ягона дар формати электронӣ дар назар аст, ки иттилооти хусусии нафари воридшуда дар он сабт мешавад.
Қаблан гуфта мешуд, аз 1 январи соли 2022 қонуне эътибор пайдо хоҳад кард, ки ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави Федератсияи Русия иҷозат медиҳад.
Ҳамчунин аз 29 декабри соли 2021 ба ин сӯ хориҷиёне, ки ба муддати беш аз 90 рӯз дар хоки Русия боқӣ мемонанд, мулзам ба супоридани изи ангушт ва аксбардорӣ ҳастанд.