Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Таъйиноти кадрӣ дар идораи тандурустии Суғд: Абдуллозода вазифа гирифт

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Бо қарори раиси вилояти Суғд Абдумавлон Абдуллозода мудири Маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам дар ин вилоят таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Дар бораи ин таъйиноти кадрӣ аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Муъмин Ҷӯраев, мудири шуъбаи вогиршиносии ин марказ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдуллозода ду рӯз пеш корро дар вазифаи нав шуруъ намудааст.

"Рӯзи сешанбеи 11 январ дар як ҷаласае бо иштироки масъулони Раёсати тандурустии Суғд Абдуллозода Абдумавлон Абдумаҷидович, ба унвони мудири нави Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО муаррифӣ шуд”, - гуфт Ҷӯраев.

Абдуллозода дар ин мақом ҷойгузини Ҳошим Раҳимов шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Ҳошимов ҳоло муовини мудири Макрази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд таъйин шудааст.
Папка с документами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
24 - сола зодаи Хатлон: Камолзода сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Суғд таъйин шуд
Абдуллозода тӯли ҳашт моҳи ахир муовини сардори Маркази беҳдоштии Суғд ва қаблан сардори ин марказ буд.
Дар гузашта ӯ минҳайси сартабиби Маркази саломатии шаҳрии № 4 ва ҳам сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Лентаи хабарҳо
0