Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

24 - сола зодаи Хатлон: Камолзода сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Суғд таъйин шуд

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПапка с документами
Папка с документами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Обуна шудан
Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва муҳоҷират бо судури фармони худ, сардори нави Раёсати Хадамоти ин вазорат дар вилояти Суғдро таъйин намудааст
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Бино ба фармони вазир, Камолзода Саид Олим, сардори Раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷират дар вилояти Суғд таъйин гардидааст.
Хабари сурат гирифтани ин таъйиноти кадриро аз Раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷирати Суғд ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Диловар Муродов, сармуттахасиси ин идора гуфт, ки маросими муаррифи сардори нави Раёсат имрӯз бо иштироки намояндагони вазорат ва ҳукумати вилояти Суғд баргузор шуд.
"Дар ҷаласаи имрӯза Алишер Ализода, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират, Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти вазорат ва Анвар Яъқубӣ муовини раиси вилояти Суғд иштирок намуда, Камолзода Саид Олимро расман сардори нави Раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷирати вазорати меҳнат ва муҳоҷират дар вилояти Суғд муаррифӣ карданд" – гуфт Муродов.
Камолзода дар ин мақоми вазифавӣ ҷойи Зайнура Шарифиро иваз намуд.
Мэр Москвы С. Собянин принял участие в открытии здания миграционного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Дархости кумаки даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ ба намояндагии вазорати меҳнат
Шарифӣ аз соли 2011 ба ин сӯ дар ин сохтор, ки умдатан ба сабти муҳоҷирати сокинони Суғд ва ҳам муҳоҷирони хориҷӣ ба ин вилоят сару кор дорад, фаъолият намудааст.
Зайнура Шарифӣ ҳоло ба кор дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳукумати вилояти Суғд таъйин гардидааст.
Камолзода то ин вақт сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

Камолзода Саид кист?

Камолзода Саид Олим 17 марти соли 1997 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 2018 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси менеҷмент хатм намудааст.
Дар соли 2020 бахши магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро поён бурдааст. Солҳои 2015 – 2019 ба ҳайси муовини роҳбари ширкати “Манора -2014” кор кардааст.
Соли 2019 дар вазифаи муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ғафурови Суғд фаъолият намудааст. Соли 2020 дар вазифаҳои мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0