https://sputnik.tj/20220113/rusiya-omodai-pazirishi-panohjuyoni-afghoniston-1044778279.html
Вазорати дохилаи Русия: Омодаи пазиришӣ паноҳҷӯёни афғонистонӣ ҳастем
Вазорати дохилаи Русия: Омодаи пазиришӣ паноҳҷӯёни афғонистонӣ ҳастем
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Раёсати умури муҳоҷирати Вазорати дохилаи Русия гуфт, ки ин кишвар омод аст то дар чаҳорчуби қавонини байналмилалӣ ба паноҳҷӯён аз Афғонистон паноҳандагӣ диҳад
2022-01-13T14:35+0500
2022-01-13T14:35+0500
2022-01-13T17:42+0500
муҳоҷират
афғонистон
паноҳандагон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0a/1031880375_0:0:3115:1753_1920x0_80_0_0_d5a08b8a931cf378154ca9ce9a75a31b.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Валентина Казакова, сардори Раёсати умури муҳоҷиратии Вазорати дохилаи Русия гуфт, таҷрибаи Русия иҷозат медиҳад, дар сурати вуруд ҷамъии паноҷӯён иқдомот лозим барои риояи қавонини байналмилалӣ анҷом диҳанд.Сардори ин раёсат ҳамчунин афзуд, то 1 октябри соли 2021 880 шаҳрванди Афғонистон дар Русия паноҳ бурдааст.Ба гуфтаи вай, дар се соли ахир беш аз 1800 нафар аз афғонистониҳо аз Вазорати умури дохилӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд.Дар ҳамин ҳол шумори умумии шаҳрвандони хориҷие, ки аз Русия дархости паноҳандагӣ карданд, аз 19 ҳазор нафар бештар аст.Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони хориҷӣ, ки гуреза дониста мешаванд ва ё паноҳгоҳи муваққатӣ мегиранд, ҳақ доранд, дар марказҳои зисти муваққатӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ кунанд. Раиси Раёсати муҳоҷират ҳамчунин гуфт, Русия парвозҳоеро барои тахлияи шаҳрвандони Русия ва хориҷӣ аз Афғонистон ташкил кардааст."Русия барои бозгардонидани шаҳрвандонаш ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, парвозҳои вижа ташкил кард, ки то ҳол ҳудуди 700 нафарро тахлия карданд ва 225 нафари онҳо шаҳрванди Афғонистон мебошанд", - илова кард хонум Казакова.
https://sputnik.tj/20220111/smm-afghoniston-dastgiri-jomea-jahon-1044725408.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0a/1031880375_71:0:2800:2047_1920x0_80_0_0_ca4c686426662d26489062f803bdbb1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, афғонистон, паноҳҷӯён, муҳоҷират, паноҳандагӣ, пазириш
русия, афғонистон, паноҳҷӯён, муҳоҷират, паноҳандагӣ, пазириш
Вазорати дохилаи Русия: Омодаи пазиришӣ паноҳҷӯёни афғонистонӣ ҳастем
14:35 13.01.2022 (Навсозишуда: 17:42 13.01.2022) Раиси Раёсати умури муҳоҷиратии Вазорати дохилаи Русия гуфт, ин кишвар омодааст, то дар чаҳорчуби қавонини байналмилалӣ ба паноҳҷӯён аз Афғонистон мақоми паноҳандагӣ диҳад
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Валентина Казакова, сардори Раёсати умури муҳоҷиратии Вазорати дохилаи Русия гуфт, таҷрибаи Русия иҷозат медиҳад, дар сурати вуруд ҷамъии паноҷӯён иқдомот лозим барои риояи қавонини байналмилалӣ анҷом диҳанд.
Сардори ин раёсат ҳамчунин афзуд, то 1 октябри соли 2021 880 шаҳрванди Афғонистон дар Русия паноҳ бурдааст.
Ба гуфтаи вай, дар се соли ахир беш аз 1800 нафар аз афғонистониҳо аз Вазорати умури дохилӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол шумори умумии шаҳрвандони хориҷие, ки аз Русия дархости паноҳандагӣ карданд, аз 19 ҳазор нафар бештар аст.
"Дар тӯли ин солҳо Афғонистон ба таври анъанавӣ яке аз се кишваре ба ҳисоб мерафт, ки шаҳрвандонаш аксаран аз Русия дархости паноҳандагӣ мекарданд, аммо шаҳрвандони Афғонистон муҳоҷират ба Русияро авлавият намедиҳанд", - қайд кард Казакова.
Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони хориҷӣ, ки гуреза дониста мешаванд ва ё паноҳгоҳи муваққатӣ мегиранд, ҳақ доранд, дар марказҳои зисти муваққатӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ кунанд. Раиси Раёсати муҳоҷират ҳамчунин гуфт, Русия парвозҳоеро барои тахлияи шаҳрвандони Русия ва хориҷӣ аз Афғонистон ташкил кардааст.
"Русия барои бозгардонидани шаҳрвандонаш ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, парвозҳои вижа ташкил кард, ки то ҳол ҳудуди 700 нафарро тахлия карданд ва 225 нафари онҳо шаҳрванди Афғонистон мебошанд", - илова кард хонум Казакова.