Коргарони муҳоҷир дар Русия шаҳрвандони кадом кишварҳоянд: Посухи ВУД

© Sputnik / Михаил Голенков / Гузариш ба медиабонкОчереди мигрантов в УФМС
Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Ба Русия аз ҳама беш шаҳрвандони се кишвари Осиёи Марказӣ барои дарёфти ҷойи кор меоянд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар миёни муҳоҷироне, ки ба Русия барои кор меоянд, бештар шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қиризистон мебошанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия хабар дод.
Ба гуфтаи сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова, беш аз 82 дарсади муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русияро шаҳрвандони ин се кишвар ташкил медиҳанд.
Казакова зикр намуд, ки ҳамаи ин муҳоҷирон дар асоси қонун дар Русия фаъолият мекунанд. Ба таъкиди намояндаи ВКД, кишварҳои ИДМ дар асоси равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва таърихӣ ба таври анъанавӣ ҳамчун “давлатҳои донори қувваи кории хориҷӣ барои Федератсияи Русия” маҳсуб мешаванд.
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
ВКД Русия метавонад муҳоҷиронро барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ихроҷ кунад
Вай ҳамчунин ба "Интерфакс" гуфтааст, Вазорати корҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби беҳбуди низоми назорат бар хориҷиён дар Русия имкони ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишварро барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии дағалонаи маъмурӣ баррасӣ мекунад.
Илова бар ин Вазорати корҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби ислоҳоти ҳамаҷонибаи қонунгузории муҳоҷират тасмим гирифтааст, ки санади ягонаи дорои фазои электронии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷиро таҳия кунад. Ин имкон медиҳад, ки муҳоҷирони қонуншикан зуд муайян шаванд.
Лентаи хабарҳо
0