https://sputnik.tj/20220113/didor-chorshanbe-padar-bibi-bozdoshtgoh-1044772291.html
Падари Чоршанбе пас аз дидор бо ӯ: Ҷои гарм, либоси тоза ва шароити хуби тамрин дорад
Падари Чоршанбе пас аз дидор бо ӯ: Ҷои гарм, либоси тоза ва шароити хуби тамрин дорад
Sputnik Тоҷикистон
Падар ва бибии размикори боздоштшудаи тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев иҷозати дидор бо ӯ пайдо карданд
2022-01-13T11:52+0500
2022-01-13T11:52+0500
2022-01-13T13:32+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
чоршанбе чоршанбиев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044773330_0:0:800:451_1920x0_80_0_0_74a8b210e1f5f547d7a383b69c34e224.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Чоршанбе Чоршанбиев, размикор ва блогери боздоштшудаи тоҷик ахиран иҷозати дидор бо пайвандонашро дарёфт кард.Ба хабаргирии ӯ падар ва модаркалонаш рафтаанд ва пас аз дидор бо ӯ аҳволи Чоршанберо хуб арзёбӣ карданд.Пайвандони размикори боздоштшуда пас аз вохӯрӣ бо ӯ дар боздоштгоҳ дар як сабти мустақими видеоии Музаффари Имомдод, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ дар кишвар таассуроти худро бораи шароити зисти Чоршанбе дар боздоштгоҳ изҳор доштанд.Авазхон Чоршанбиев гуфт, фарзанди ӯ дар боздоштгоҳ бо ҷойи гарм, либоси тоза таъмин аст. Ба таъкиди ӯ, барои Чоршанбе ҳатто шароити тамрин кардан ҳам фароҳам шудааст.Падари размикор барои доштани чунин шароит ба масъулини боздоштгоҳ ва ба нафароне, ки дидорбинии онҳоро имконпазир намуданд, арзи сипос кардааст.Ҳамчунин, модаркалони Чоршанбе низ гуфт, "набераамро дидам, сиҳату саломат ва шароити нигаҳдории ӯ хуб аст".Қаблан гуфта мешуд, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа бо дархости пайвандони Чоршанбиев барои ӯ се вакили мудофеъ ҷудо кардааст. Эътилоф гуфт, Чоршанбе рӯзи чаҳоруми январ бо вакилони мудофеаш мулоқот карда ва изҳор доштааст, ки ҷинояте содир накардааст."Бахшеду раҳояш кунед": рақиби ашадии Чоршанбе аз Тоҷикистон озодии ӯро хост - видеоЧоршанбиев барои нақзи қоидаҳои ҳузур аз Русия депорт шуда, 30 декабр дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ хабар доданд.Аммо дар иттилоияи Эътилофи зидди шиканҷа гуфта мешавад, ки феълан алайҳи ӯ бар асоси Кодекси ҷиноӣ, моддаи 307, қисми 2, бандҳои "а" ва "г" айб эълон шудааст. Ин бандҳо муҷозоти маҳрумсозӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро пешбинӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20220111/se-advokat-himoyai-chorshanbiev-jinoyat-sodir--1044722299.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044773330_80:0:792:534_1920x0_80_0_0_aaa2e7820e8e37fde0a75907f1e4fb98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чоршанбе чоршанбиев
Падари Чоршанбе пас аз дидор бо ӯ: Ҷои гарм, либоси тоза ва шароити хуби тамрин дорад
11:52 13.01.2022 (Навсозишуда: 13:32 13.01.2022) Падар ва модаркалони размикори боздоштшудаи тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев иҷозати дидор бо ӯро пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Чоршанбе Чоршанбиев, размикор ва блогери боздоштшудаи тоҷик ахиран иҷозати дидор бо пайвандонашро дарёфт кард.
Ба хабаргирии ӯ падар ва модаркалонаш рафтаанд ва пас аз дидор бо ӯ аҳволи Чоршанберо хуб арзёбӣ карданд.
Пайвандони размикори боздоштшуда пас аз вохӯрӣ бо ӯ дар боздоштгоҳ дар як сабти мустақими
видеоии Музаффари Имомдод, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ дар кишвар таассуроти худро бораи шароити зисти Чоршанбе дар боздоштгоҳ изҳор доштанд.
Авазхон Чоршанбиев гуфт, фарзанди ӯ дар боздоштгоҳ бо ҷойи гарм, либоси тоза таъмин аст. Ба таъкиди ӯ, барои Чоршанбе ҳатто шароити тамрин кардан ҳам фароҳам шудааст.
Падари размикор барои доштани чунин шароит ба масъулини боздоштгоҳ ва ба нафароне, ки дидорбинии онҳоро имконпазир намуданд, арзи сипос кардааст.
Ҳамчунин, модаркалони Чоршанбе низ гуфт, "набераамро дидам, сиҳату саломат ва шароити нигаҳдории ӯ хуб аст".
Қаблан гуфта мешуд, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа бо дархости пайвандони Чоршанбиев барои ӯ се вакили мудофеъ ҷудо кардааст. Эътилоф гуфт, Чоршанбе рӯзи чаҳоруми январ бо вакилони мудофеаш мулоқот карда ва изҳор доштааст, ки ҷинояте содир накардааст.
Чоршанбиев барои нақзи қоидаҳои ҳузур аз Русия депорт шуда, 30 декабр дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ хабар доданд.
Аммо дар иттилоияи Эътилофи зидди шиканҷа гуфта мешавад, ки феълан алайҳи ӯ бар асоси Кодекси ҷиноӣ, моддаи 307, қисми 2, бандҳои "а" ва "г" айб эълон шудааст. Ин бандҳо муҷозоти маҳрумсозӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро пешбинӣ кардаанд.