https://sputnik.tj/20220111/se-advokat-himoyai-chorshanbiev-jinoyat-sodir--1044722299.html
Ҷиноят накардаам: паёми Чоршанбиев аз зиндон дар мавриди эҳсосот, айб ва шиканҷа
Ҷиноят накардаам: паёми Чоршанбиев аз зиндон дар мавриди эҳсосот, айб ва шиканҷа
Sputnik Тоҷикистон
Чоршанбе Чоршанбиев, размикор ва блогери боздоштшуда дар Тоҷикистон мегӯяд, баъзан эҳсосӣ гап мезад, аммо ҳеч гоҳ ҷинояте содир накардааст
2022-01-11T17:34+0500
2022-01-11T17:34+0500
2022-01-11T18:34+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
вакилон
додситонӣ
дифоъ
эътилоф
айбдоршаванда
чоршанбе чоршанбиев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1e/1044537342_0:0:691:388_1920x0_80_0_0_b96a1c1bec1eebac557e2d61db086676.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа бо дархости наздикони Чоршанбе Чоршанбиев барои ҳимояи ҳуқуқҳои ин размикори боздоштшуда се вакили дифоъ ҷудо кардааст. Ба иттилои эътилоф, Чоршанбиев дар мулоқот бо вакилонаш, ки чоруми январ сурат гирифт, изҳор доштааст, ки шиканҷа нашудааст. Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки алайҳи Чоршанбиев 8 январ айб бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ - даъвати оммавӣ барои тағйири сохти конститутсионӣ айб эълон шудааст. Дар вокуниш ба ин айб Чоршанбиев изҳор доштааст, ки ҷинояте содир накардааст, балки хостааст, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Эътилоф таъкид намуд, ки Чоршанбиев ин нуктаро ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ борҳо баён доштааст. Вакилон мегӯянд, Чоршанбиев ҳамчунин самимӣ асту ҳамоно бепарда дар зимни тафтишот шоҳидӣ медиҳад. Ба иттилои эътилоф, ин варзишкор сарфи назар аз иттиҳомоти сангин бо таҳаммул ҳамсуҳбаташро гӯш мекунад ва ҳолати корро тавзеҳ медиҳад. Ӯ мефаҳмонад, ки зидди ҳукумат нест, вакрзишкор аст, ки баъзан сари эҳсос метавонад гапи сахте гӯяд, аммо фавран талош мекунад, ки вазъро ислоҳ созад. Дар ҳамин ҳол вакилони дифоъ изҳор доштаанд, ки ҳанӯз ҳам мақомот барои мулоқоти Чоршанбиев бо наздиконаш, аз ҷумла падараш иҷозат надодаанд. Вакилон аз додгоҳи Душанбе дархост кардаанд, ки чораи пешакӣ нисбати Чоршанбиевро иваз кунад, аммо додгоҳ дархости онҳоро қонеъ накардаасту варзишкорро дар ҳабси пешакӣ боқӣ гузоштааст. Чоршанбиев барои нақзи қоидаҳои ҳузур аз Русия депорт шуда, 30 декабр дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ хабар доданд. Аммо дар иттилоияи Эътилофи зидди шиканҷа гуфта мешавад, ки феълан алайҳи ӯ бар асоси Кодекси ҷиноӣ, моддаи 307, қисми 2, бандҳои "а" ва "г" айб эълон шудааст. Ин бандҳо муҷозоти маҳрумсозӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро пешбинӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20220104/raqib-ashadi-chorshanbe-tojikiston-ozodi-video-1044602752.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1e/1044537342_85:0:602:388_1920x0_80_0_0_5a94cdd1a30d7f1018c21d5ce0ff5235.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паём, чоршанбиев, зиндон, эҳсосот, айб, гуноҳ, шиканҷа
паём, чоршанбиев, зиндон, эҳсосот, айб, гуноҳ, шиканҷа
Ҷиноят накардаам: паёми Чоршанбиев аз зиндон дар мавриди эҳсосот, айб ва шиканҷа
17:34 11.01.2022 (Навсозишуда: 18:34 11.01.2022) Чоршанбе Чоршанбиев, размикор ва блогери боздоштшуда дар Тоҷикистон мегӯяд, баъзан эҳсосӣ гап мезад, аммо ҳич гоҳ ҷинояте содир накардааст
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа бо дархости наздикони Чоршанбе Чоршанбиев барои ҳимояи ҳуқуқҳои ин размикори боздоштшуда се вакили дифоъ ҷудо кардааст.
Ба
иттилои эътилоф, Чоршанбиев дар мулоқот бо вакилонаш, ки чоруми январ сурат гирифт, изҳор доштааст, ки шиканҷа нашудааст.
Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки алайҳи Чоршанбиев 8 январ айб бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ - даъвати оммавӣ барои тағйири сохти конститутсионӣ айб эълон шудааст.
Дар вокуниш ба ин айб Чоршанбиев изҳор доштааст, ки ҷинояте содир накардааст, балки хостааст, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
"Ман ҳич ҳадафи даъват барои ғасби ҳокимияти давлатӣ бо зӯровариро надоштам. Ҷинояте накардаам ва намедонистам, ки муроҷиати ман метавонад ҷиноят ҳисобида шавад. Ман даъват кардам, ки ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", - изҳор доштааст Чоршанбиев.
Эътилоф таъкид намуд, ки Чоршанбиев ин нуктаро ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ борҳо баён доштааст.
Вакилон мегӯянд, Чоршанбиев ҳамчунин самимӣ асту ҳамоно бепарда дар зимни тафтишот шоҳидӣ медиҳад.
Ба иттилои эътилоф, ин варзишкор сарфи назар аз иттиҳомоти сангин бо таҳаммул ҳамсуҳбаташро гӯш мекунад ва ҳолати корро тавзеҳ медиҳад. Ӯ мефаҳмонад, ки зидди ҳукумат нест, вакрзишкор аст, ки баъзан сари эҳсос метавонад гапи сахте гӯяд, аммо фавран талош мекунад, ки вазъро ислоҳ созад.
Дар ҳамин ҳол вакилони дифоъ изҳор доштаанд, ки ҳанӯз ҳам мақомот барои мулоқоти Чоршанбиев бо наздиконаш, аз ҷумла падараш иҷозат надодаанд.
Вакилон аз додгоҳи Душанбе дархост кардаанд, ки чораи пешакӣ нисбати Чоршанбиевро иваз кунад, аммо додгоҳ дархости онҳоро қонеъ накардаасту варзишкорро дар ҳабси пешакӣ боқӣ гузоштааст.
Чоршанбиев барои нақзи қоидаҳои ҳузур аз Русия депорт шуда, 30 декабр дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ хабар доданд.
Аммо дар иттилоияи Эътилофи зидди шиканҷа гуфта мешавад, ки феълан алайҳи ӯ бар асоси Кодекси ҷиноӣ, моддаи 307, қисми 2, бандҳои "а" ва "г" айб эълон шудааст. Ин бандҳо муҷозоти маҳрумсозӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро пешбинӣ кардаанд.