https://sputnik.tj/20220113/dabs-intiqol-barq-uzbekiston-afghoniston-barqaror-1044797976.html
DABS: Интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон барқарор шуд
DABS: Интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон барқарор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан ҷониби Афғонистон эълом кард, ки Ӯзбекистон интиқоли барқро 60 фисад коҳиш дод
2022-01-13T20:45+0500
2022-01-13T20:45+0500
2022-01-14T12:53+0500
энергетика
афғонистон
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032786070_0:4:1920:1084_1920x0_80_0_0_5e0424137258135302e20bfdcd53e113.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Интиқоли нерӯи барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон ба ҳолати муқаррарӣ баргашт. Дар ин бора ширкати энергетикии маҳаллии "Da Afghanistan Breshna Sherkat" (DABS) хабар додааст. Як рӯз пеш DABS хабар дода буд, ки ҷониби Ӯзбекистон интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро пас аз як мушкили фаннӣ қатъ кард. Қаблан ҷонибҳо дар бораи воридоти нерӯи барқ барои соли 2022 созишнома имзо карда буданд. Мувофиқи созишнома, Афғонистон солона ду миллиард киловатт-соат нерӯи барқ аз Ӯзбекистон мегирад. Маблағи ин қарордод тақрибан 100 миллион долларро ташкил медиҳад.Нисфи нерӯи барқи Афғонистон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ворид мешавад. Афғонистон тақрибан системаи миллии энергетикӣ надорад ва тавлиди нерӯи барқи маҳаллӣ, ки умдатан аз нерӯи барқи обӣ тавлид мешавад, дар соли 2021 хушксолӣ ба он таъсири ҷиддӣ расонд.
https://sputnik.tj/20211116/barq-tojik-tojikiston-afghoniston-barq-mefurushad-1043581140.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032786070_318:0:1763:1084_1920x0_80_0_0_f7d18002b2716fd05dca95b96b12fa3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон ӯзбекистон барқ
афғонистон ӯзбекистон барқ
DABS: Интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон барқарор шуд
20:45 13.01.2022 (Навсозишуда: 12:53 14.01.2022) Қаблан ҷониби Афғонистон эълом карда буд, ки Ӯзбекистон интиқоли барқ ба ин кишварро 60 фисад коҳиш дод
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Интиқоли нерӯи барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон ба ҳолати муқаррарӣ баргашт. Дар ин бора ширкати энергетикии маҳаллии "Da Afghanistan Breshna Sherkat" (DABS) хабар додааст.
Як рӯз пеш DABS хабар дода буд, ки ҷониби Ӯзбекистон интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро пас аз як мушкили фаннӣ қатъ кард.
"Хушбахтона, тақрибан соати 7-и субҳи рӯзи 13 январ воридоти нерӯи барқ аз Ӯзбекистон ба сатҳи муқаррарӣ баргашт", - омадааст дар изҳороти DABS.
Қаблан ҷонибҳо дар бораи воридоти нерӯи барқ барои соли 2022 созишнома имзо карда буданд.
Мувофиқи созишнома, Афғонистон солона ду миллиард киловатт-соат нерӯи барқ аз Ӯзбекистон мегирад. Маблағи ин қарордод тақрибан 100 миллион долларро ташкил медиҳад.
Нисфи нерӯи барқи Афғонистон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ворид мешавад.
Афғонистон тақрибан системаи миллии энергетикӣ надорад ва тавлиди нерӯи барқи маҳаллӣ, ки умдатан аз нерӯи барқи обӣ тавлид мешавад, дар соли 2021 хушксолӣ ба он таъсири ҷиддӣ расонд.