https://sputnik.tj/20220113/bastrikin-baroi-kohishi-jinoyatkori-miyoni-muhojiron-shevahoi-nav-lozim-ast--1044775136.html
Бастрикин: Барои коҳиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон шеваҳои нави бархӯрд лозиманд
Бастрикин: Барои коҳиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон шеваҳои нави бархӯрд лозиманд
Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия боиси тасмимоти дар ҷиҳати ба вуҷуд овардани роҳкорҳои ҷадиде барои пешгирӣ аз ин гуна маворид шудааст
2022-01-13T13:15+0500
2022-01-13T13:15+0500
2022-01-13T13:57+0500
муҳоҷират
александр бастрикин
коҳиш
сатҳи ҷинояткорӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1d/1041949036_0:0:3132:1762_1920x0_80_0_0_6eadba9bf679620b1d5adbb4544e9bc1.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА “Новости” гуфт, дар ҷиҳати мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ миёни онҳое, ки ба Русия барои дарёфти пул меоянд, бояд раванди муҳоҷиратро беҳтар кард."Ҳалли мушкилоти афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирони корӣ бархӯрди навро тақозо мекунад. Бештари онҳо ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки дар аксари мавориди ҳадафи мағзшӯӣ қарор мегиранд", - афзуд Бастрикин.Ҳамчун мисол ӯ аз як зодаи Осиёи Марказӣ ёдовар шуд, ки моҳи марти соли гузашта аз ҷониби кормандони ФСБ-и Русия барои ташкили як таркиш дар як маркази савдо дар Майкоп боздошт шуда буд. Аз ин мард ҷузъҳои бомби худсохт бо унсурҳои зарбазан, дастури истеҳсоли он, рамзҳои гурӯҳи ДИИШ* ва инчунин ҳуҷҷатҳои қалбакии муҳоҷиратӣ дарёфт карданд.Қаблан намояндаи расмии Кумитаи тафтишотӣ Светлана Петренко гуфта буд, ки барои суръат бахшидани раванди тафтишоти ҷиноятҳои содиршуда аз сӯйи муҳоҷирон бояд кортҳои махсуси пластикӣ роҳандозӣ шавад, ки дар он тамоми маълумоти шахсӣ дар бораи ҳар як муҳоҷир, аз ҷумла изи ангуштон низ ҳифз мешаванд.* -созмони террористии мамнуъ дар қаламрави Русия
https://sputnik.tj/20211222/patent-barobar-beshtar-sharh-muhojirat-rusiya-1044324201.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1d/1041949036_260:0:2989:2047_1920x0_80_0_0_5ae9d89f669bcae505b5502bbfc94568.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, шева, ҷинояткорӣ, коҳиш, пешгирӣ
русия, муҳоҷират, шева, ҷинояткорӣ, коҳиш, пешгирӣ
Бастрикин: Барои коҳиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон шеваҳои нави бархӯрд лозиманд
13:15 13.01.2022 (Навсозишуда: 13:57 13.01.2022) Афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия боиси тасмимоти мақомот дар ҷиҳати ба вуҷуд овардани роҳкорҳои ҷадиде барои пешгирӣ аз ин гуна маворид шудааст
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА “Новости” гуфт, дар ҷиҳати мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ миёни онҳое, ки ба Русия барои дарёфти пул меоянд, бояд раванди муҳоҷиратро беҳтар кард.
"Ҳалли мушкилоти афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирони корӣ бархӯрди навро тақозо мекунад. Бештари онҳо ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки дар аксари мавориди ҳадафи мағзшӯӣ қарор мегиранд", - афзуд Бастрикин.
Ҳамчун мисол ӯ аз як зодаи Осиёи Марказӣ ёдовар шуд, ки моҳи марти соли гузашта аз ҷониби кормандони ФСБ-и Русия барои ташкили як таркиш дар як маркази савдо дар Майкоп боздошт шуда буд. Аз ин мард ҷузъҳои бомби худсохт бо унсурҳои зарбазан, дастури истеҳсоли он, рамзҳои гурӯҳи ДИИШ* ва инчунин ҳуҷҷатҳои қалбакии муҳоҷиратӣ дарёфт карданд.
Қаблан намояндаи расмии Кумитаи тафтишотӣ Светлана Петренко гуфта буд, ки барои суръат бахшидани раванди тафтишоти ҷиноятҳои содиршуда аз сӯйи муҳоҷирон бояд кортҳои махсуси пластикӣ роҳандозӣ шавад, ки дар он тамоми маълумоти шахсӣ дар бораи ҳар як муҳоҷир, аз ҷумла изи ангуштон низ ҳифз мешаванд.
* -созмони террористии мамнуъ дар қаламрави Русия