https://sputnik.tj/20220112/tehron-mavzu-asosii-muloqoti-raisi-putin-1044755030.html
Теҳрон мавзуъҳои асосии мулоқоти Раисӣ ва Путинро эълон кард
Теҳрон мавзуъҳои асосии мулоқоти Раисӣ ва Путинро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, ояндаи наздик аз Маскав боздид ва бо президенти Русия, Владимир Путин мулоқот мекунад
2022-01-12T17:00+0500
2022-01-12T17:00+0500
2022-01-12T17:15+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
президент
маскав
эрон
раисӣ
тиҷорат
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042350643_0:0:1930:1086_1920x0_80_0_0_87a4e3b5ec721efb14a055b941c32a22.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Созишҳои молӣ ва тиҷорат миёни Эрону Русия аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти роҳбарони ду кишвар хоҳад буд. Дар ин бора Комбизи Миркаримӣ, ноиби раиси Палатаи муштараки тиҷории Русия ва Эрон дар суҳбат бо Хабаргузории ҷумҳурии исломӣ (IRNA) иттилоъ дода, таъкид намудааст, ки сафари қарибулвуқуи Раисӣ ба Маскав бисёр муҳим мебошад. Миркаримӣ таъкид намудааст, ки маҳз дар сатҳи олӣ баргузор шудани гуфтушунидҳо самараи хубе барои рушди муносиботи миёни ду кишвар хоҳад дод. Интизор меравад, Раисӣ рӯзҳои наздик аз Маскав боздид кунаду бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот намояд. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар мавриди сафари президенти Эрон ба Маскав изҳор дошт, ки воқеан барои ин боздид Маскав омодагӣ мегирад. Дар посух ба суоли "оё ин сафар моҳи январ баргузор мешавад?", Песков гуфт, таърихи баргузории ин дидор ва дигар мушаххасоти он баъдан пешниҳоди расонаҳо хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220112/sanadi-hamkori-hosili-si-soli-ravobiti-tojikistonu-eron-1044751681.html
маскав
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042350643_116:0:1829:1285_1920x0_80_0_0_c29ca1d099bc2197d6435ad70ac3d5a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теҳрон, сафар, иброҳим раисӣ, путин, мулоқот, мавзуъ
теҳрон, сафар, иброҳим раисӣ, путин, мулоқот, мавзуъ
Теҳрон мавзуъҳои асосии мулоқоти Раисӣ ва Путинро эълон кард
17:00 12.01.2022 (Навсозишуда: 17:15 12.01.2022) Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ояндаи наздик аз Маскав боздид ва бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекунад
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Созишҳои молӣ ва тиҷорат миёни Эрону Русия аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти роҳбарони ду кишвар хоҳад буд.
Дар ин бора Комбизи Миркаримӣ, ноиби раиси Палатаи муштараки тиҷории Русия ва Эрон дар суҳбат бо Хабаргузории ҷумҳурии исломӣ (IRNA) иттилоъ дода, таъкид намудааст, ки сафари қарибулвуқуи Раисӣ ба Маскав бисёр муҳим мебошад.
"Яке аз бартариҳои ин сафар музокироти сатҳи олӣ дар мавриди муносиботи тиҷорию молӣ мебошад", - изҳор дошт мақомдори эронӣ.
Миркаримӣ таъкид намудааст, ки маҳз дар сатҳи олӣ баргузор шудани гуфтушунидҳо самараи хубе барои рушди муносиботи миёни ду кишвар хоҳад дод.
Интизор меравад, Раисӣ рӯзҳои наздик аз Маскав боздид кунаду бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот намояд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар мавриди сафари президенти Эрон ба Маскав изҳор дошт, ки воқеан барои ин боздид Маскав омодагӣ мегирад. Дар посух ба суоли "оё ин сафар моҳи январ баргузор мешавад?", Песков гуфт, таърихи баргузории ин дидор ва дигар мушаххасоти он баъдан пешниҳоди расонаҳо хоҳад шуд.