https://sputnik.tj/20220112/sjb-omikron-guruh-odamon-marg-1044759149.html
СҶБ мегӯяд, омикрон барои се гурӯҳи одамон бо марг меанҷомад
СҶБ мегӯяд, омикрон барои се гурӯҳи одамон бо марг меанҷомад
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисон тавзеҳ додаанд, ки кадом гурӯҳи одамон набояд гирифтори омикрон шаванд, зеро бемории онҳо бо марг анҷом хоҳад ёфт
2022-01-12T18:55+0500
2022-01-12T18:55+0500
2022-01-12T20:58+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043107195_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_194a90ff4424b9c610260c1c2e7f01e1.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт се гурӯҳи одамонро номбар кард, ки сирояти штамми омикрон барои онҳо марговар аст.Ба гуфтаи коршиносон, навъи нави коронавирус махсусан барои пиронсолон, нафарони ваксиннашуда ва беморони дорои касалиҳои мармуз хатарнок аст.Ин созмонн тасдиқ кард, ки ҳарчанд омикрон дар шакли камтар вазнин ҷарён мегирад, вале дар сартосари ҷаҳон садҳо ҳазор нафар, ки гирифтори ин навъ коронавирус шудаанд, бистарии беморхона мебошанд.Қаблан мутахассисони ин созмон изҳор карда буданд, ки барои маҳдуд кардани паҳншавии вируси нав бояд ваксина алайҳи он такмил шавад.Дар Русия авҷи гирифторӣ ба омикрон дар моҳи феврал дар назар аст. Ба гуфтаи муовини раиси Маркази Гамалея Денис Логунов, дар кишварҳое, ки аллакай ин навъи вирус паҳн шудааст, шумораи мушкилиҳои ҷиддӣ ва марг аз штамми нав коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220112/omikron-om-tojikiston-nazorat-1044754395.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043107195_0:0:1707:1280_1920x0_80_0_0_f026270e9306eb15111681bfc0aea997.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҷб омикрон
СҶБ мегӯяд, омикрон барои се гурӯҳи одамон бо марг меанҷомад
18:55 12.01.2022 (Навсозишуда: 20:58 12.01.2022) Мутахассисон тавзеҳ додаанд, ки кадом гурӯҳи одамон набояд гирифтори омикрон шаванд, зеро бемории онҳо бо марг анҷом хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт се гурӯҳи одамонро номбар кард, ки сирояти штамми омикрон барои онҳо марговар аст.
Ба гуфтаи коршиносон, навъи нави коронавирус махсусан барои пиронсолон, нафарони ваксиннашуда ва беморони дорои касалиҳои мармуз хатарнок аст.
"Хатари марг аз сирояти омикрон бо синну сол зиёд мешавад. Мо инчунин далелҳо дорем, ки нафарони гирифтори ҳатто як маризии мармуз хатари рӯёрӯии бештар бо маргро доранд", - шарҳ дод Мария Ван Керхове, намояндаи СҶБ.
Ин созмонн тасдиқ кард, ки ҳарчанд омикрон дар шакли камтар вазнин ҷарён мегирад, вале дар сартосари ҷаҳон садҳо ҳазор нафар, ки гирифтори ин навъ коронавирус шудаанд, бистарии беморхона мебошанд.
Қаблан мутахассисони ин созмон изҳор карда буданд, ки барои маҳдуд кардани паҳншавии вируси нав бояд ваксина алайҳи он такмил шавад.
Дар Русия авҷи гирифторӣ ба омикрон дар моҳи феврал дар назар аст.
Ба гуфтаи муовини раиси Маркази Гамалея Денис Логунов, дар кишварҳое, ки аллакай ин навъи вирус паҳн шудааст, шумораи мушкилиҳои ҷиддӣ ва марг аз штамми нав коҳиш ёфтааст.